Шумо телефон истифода мебаред?
“Телефон сабаби ҷудошавии оилаҳои ҷавон, бадкунандаи келину хушдоман, сарфи беҳудаи вақт аст”,- мегӯянд бархе аз мардум. Сарфи назар аз ин, телефони мобилӣ имрӯзҳо воситаи робитаи аз ҳама зиёд паҳншуда мебошад. Истифодаи аз ҳад зиёди телефон ҳамаҷиҳата зарар мерасонад, аммо бисёриҳо ақида доранд, ки бе он зиндагӣ карда намешавад. Инро ба инобат гирифта, вобаста ба истифода бурдан ё набурдани телефон назарсанҷӣ гузаронидем.
Келини бетелефон мехоҳам
СУРАЁ, 46 сола:- Барои ман телефон зарур аст, зеро фарзандонам ҳама дар муҳоҷиратанду бо онҳо дар тамос мешавам. Аммо барои духтар, ё келин зарур нест. Духтарҳои имрӯз гоҳо телефонро бинанд, худро фаромӯш мекунанд. Онҳо даруни телефон даромада, аз муҳити атроф бехабар мемонанд. Барои мисол, ман худ духтар дорам дар хонаам, аммо намегузорам, ки духтари ман аз телефони мобилӣ истифода кунад. Сарфи беҳудаи вақт аст. Истифодаи он одамро аз муҳити зиндагӣ дур сохта, ба муҳити маҷозӣ мепайвандад. Мегӯянд, ки “худкардаро даво нест”. Ба духтарбача телефон деҳу азобашро каш! Келини ман агар телефон дошта бошад, рӯзи дароз сараш рӯи он хам ва хона, деги хӯрок, нигоҳубини кӯдак, омадурафти меҳмон ҳама фаромӯш мешавад. Ӯ мешинад бо модараш гап задаву маро ғайбат карда.
Дунёи ман ҳамин телефон аст
МАНИЖА, 22-сола:-Ман ҳаёти худро бе телефонтасаввур карда наметавонам. Дунёи ман ҳамин телефон аст. Вобастаи он ҳастам, одат кардаам. Бе об зиста наметавонӣ, бе хӯрок наметавонӣ, телефон ҳам барои ман ё ҷавонҳои имрӯза ҳамин гуна шудааст. Гӯё дар зимистони хунук бе либоси гарм ба берун мебаромада бошӣ, надоштани телефон ба ҳамин монанд аст. Ман то ҳол оиладор нестам, аммо замоне оила барпо кардам мехоҳам, ки дар хонаи шавҳарам иҷозаи истифодаи телефонро дошта бошам. Зеро ман ҳамеша телефонро ба манфиат истифода мебарам. Аз он барномаҳои пухтупаз ё иттилооти тоза мегирам. Вақте арӯс дар хона менишинад, ба ӯ бештар лозим аст, то бо модараш суҳбат кунад, хумори дил шиканад. То хумораш бароварда нашавад, дилаш хуш набошад, зиндагиаш хуб намегузарад.
Телефон хуб аст, аммо…
МЕҲРОБ, 36-сола:- Ман оиладор ва соҳиби ду фарзандам. Рӯзро бо телефон оғоз карда, шабро бо он хотима медиҳам. Ман ҳамеша телефонро ба манфиат истифода мекунам, хабари тозаву китоб мехонам, бо дӯстонам дар тамос мешавам. Ба ҳамсарам иҷозат додаам, то ӯ низ истифода барад, бо модар, падар ё бародараш суҳбат кунад. Бисёриҳо шикоят аз он мекунанд, ки сабаби ҷудо гардидани оилаҳои ҷавон ин аз ҳисоби телефон аст. Аз як ҷиҳат ин рост аст. Зеро, бо телефон истифода бурдани ҳамсарам, хушдоман гӯё ҳамеша дар хонаи мост. Гарчанде ӯ дар хонаи мо зиндагӣ намекунад, аммо аз ҳар ҳодисаи хонаи мо бохабар аст. Борҳо ба ҳамсарам таъкид кардаам, то кӯшиш намояд аз ҳама чизи зиндагиамон ба модараш иттилоъ надиҳад. Агар таъкидҳои ман ба ҳамсарам асар намекард, яқинан, мо аз ҳам ҷудо мегардидем. Телефон хуб аст, аммо истифодаи он вақту замони худро дорад.
Истифода накардан ҳам намешавад
ХОЛБИБӢ, 63-сола:— Ман телефон надорам. Ҳар гоҳ ба фарзандонам суҳбат кардан хоҳам, аз телефони шавҳарам истифода мебарам. Барои ман солимии фарзандонам лозим аст ва агар ҳар шаб вазъияташонро нафаҳмам, хоб рафта наметавонам. Аз телефон истифода накардан ҳам намешавад. Агар замони ҷавонии маро ба ёд орем, телефон ками дар кам вомехӯрд. Модарам барои ҳоли маро пурсидан ба хонаам меҳмон мешуданд, роҳи дарозро тай мекарданд, монда шуда, баъди расидан ба хона шикоят мекарданд, ки роҳ дур аст. Имрӯзро бинед, чиқадар осон аст, бо духтарат аз ҷои нишаст аҳволпурсӣ менамоӣ.
Телефон сабаби талоқ аст
БИБИНОЗ, 27-сола:— Вақте шавҳар кардам, онқадар ба телефон вобаста будам, ки агар лаҳзае бе он мегузашт, худро бад ҳис мекардам. Гоҳо мешуд, ки соатҳои зиёд аз он чашм намекандам. Як бор “Инстаграмм” медароям, ду-се соат мегузарад. Борҳо шуда буд, ки хӯрокро сӯзонидам, ба кӯдаконам беаҳамиятӣ кардам. Ягон маротиба нони носӯхта рӯи дастархон намегузоштам. Истифодаи телефон қариб ба зали суду ҷудоӣ бурдам. Ин як вобастагӣ буд. Вобастагии зиёд, ки аз дунёи имрӯз дурам мекард. Имрӯз, бо кӯшишҳои зиёд тавонистам барои худ соати муайяни истифодаро дошта бошам. Суҳбатҳои телефониро кам кардам, филмро аз телевизион тамошо мекунам, дар вақтҳои холигӣ китоб мехонам.
“Зан гирифтед ё телефон?”
ФАРРУХ, 32-сола:-Албатта, аз телефон истифода мекунам. Зистан бе телефон ғайри имкон аст. Телефон ҳаёт аст, ки механдонад, мегирёнад, хурсандат мекунад, хушбахтат мекунад ё бадбахт. Бо ҳамсарам тариқи “Имо” ошно гардидем. Ҷавон будам, мехостам ягон ҳамсуҳбат дошта бошам. Рӯзе дурусту нодуруст рақамчинӣ карда, бо нафаре шинос гардидам ва ҳамин гуна бо ӯ оила бунёд намудам. Имрӯз хушбахтам, аммо ҳамсарам ҳамеша аз зиёд истифода кардани ман аз телефон шикоят дорад. Ӯ бисёр вақт мегӯяд: “Шумо зан гирифтед ё телефон?”.
Таҳияи Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ