Шумораи қурбониёни таркиши Бейрут аз 100 нафар гузашт

Дар натиҷаи таркиши пурқуввате, ки дар бандари Бейрут рух дод, тақрибан сад нафар ҳалок ва беш аз 4000 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Дабири кулли Ҷамъияти Салиби Сурхи Лубнон Ҷорҷ Катана хабар медиҳад.

Тавре ки «Rambler» навиштааст, 4 август дар пойтахти Лубнон таркиш рух дод, ки қувваи он ба заминларзаи шиддаташ 4.5 бал баробар буд. Дар натиҷа, дар тамоми шаҳр, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ ва идораҳо хароб шуда фурӯ рехт. Мақомоти Лубнон дар Бейрут вазъияти фавқулодда эълон карданд. «Мо дар бораи беш аз 4000 захмиён маълумот дорем, ки баъзеи онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд; инчунин дар бораи мурдагон, ки шумораи онҳо ба садҳо мерасад. Баъзе қурбониён ҳанӯз ҳам дар зери харобаҳои биноҳои харобшуда ҳастанд” гуфт Катана ба телевизиони LBC.
Вай инчунин қайд кард, ки Салиби Сурх гузоришҳои зиёде дар бораи ҳалокшавӣ ва захмҳо дар биноҳои харобшуда мегирад, ки то ба ҳол наҷотдиҳандагон ба онҳо нарасидаанд.
А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *