Шумораи фавтидагон бар асари ошӯбҳо дар Қароқалпоқистон эълон шуд
Бар асари нооромиҳое, ки дар Қароқалпоқистон бар сари нақшаи Тошканд барои лағви ҳаққи ҷудоии ин минтақа аз кишварро фаро гирифтааст, дастикам 18 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора РИА “Новости” бо такя ба Прокуратураи генералии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Эътирозҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон рӯзи 1-уми июл пас аз тасмими Шавкат Мирзиёев, президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи маҳрум кардани ин минтақа аз ҳуқуқи ҷудоихоҳӣ, ки дар Конститутсия таъйин шудааст, оғоз ёфт. Дар задухӯрдҳо ҳазорон нафар тазоҳуркунандагон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ захмӣ шуданд.
Бино ба тасдиқи Прокуратураи генералӣ, ҳамаи фавтидагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмоние бардоштаанд, ки ба ҳаёт номувофиқанд.
Ҳукумати кишвар дар ташкили эътирозҳо неруҳои беруниро гумонбар дониста, дар матбуоти хориҷӣ «таҳрифи рӯйдодҳои кунунӣ» эълон кард.
Бояд гуфт, ки дар замони шӯравӣ Қароқалпоқистон ҳамчун вилояти мухтор ба ҳайати ҶШС Хоразм, баъдтар — ҶШС Қирғизистон дохил карда шуд. Ҷумҳурӣ соли 1936 ба ҳайати РСС Ӯзбекистон дохил шуд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ он дар ҳайати Ӯзбекистон боқӣ монд, вале ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ