Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд қаламрави Украинаро тарк кунанд, афзудааст
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз вазъу сарнавишти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина хабар дод.
Аз рӯи иттилои манбаъ, то субҳи 2-юми март дар Украина шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд қаламрави ин кишварро тарк кунанд, хеле афзоиш ёфтааст.
Департаменти иттилооти ин вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ки то ба ҳол 823 тоҷикистонӣ ба Лаҳистон (Полша) ва 121 нафари дигар ба Молдова рафтаанд.
“Ин рақамҳо метавонанд ҳарзамон тағйир ёбанд, зеро хоҳишмандон дар сарҳадҳои Лаҳистону Молдова дар навбат истодаанд”,- меафзояд манбаъ.
Тибқи хабари Сафорати Тоҷикистон дар Украина, миёни осебдидагон дар ин кишвар шаҳрвандони кишвар нестанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳайати махсуси мониторингии САҲА кор мекунанд, ба шаҳри Ростови лаби Дон кӯчонида шудаанд.
Ҳамзамон, Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кардааст, ки сафорати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали рӯйдодҳо раванди тартиб додани рӯйхати шаҳрвандонеро, ки хоҳиши бозгашт ба Ватанро доранд, ба роҳ мондааст.
Рӯзи 1-уми март як корманди сафорат ба шаҳри Кишинёв ва як корманди дигар ба шаҳри Лвов фиристода шудаанд, то ки масоили марбут ба хориҷ шудани шаҳрвандони моро дар ҳамон ҷо ҳал кунанд.
Хатҳои “тамоси доимӣ”-и телефонҳо фаъол буда, кормандони масъул вазифадор шудаанд, ки дар сурати муроҷиати шаҳрвнадон ба онҳо муфассал имконоти баргаштан ба ватанро шарҳ диҳанд.
Тибқи иттилои Вазорати хориҷа, дар қаламрави Украина наздик ба 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон умр ба сар мебурданд, ки 101 нафарашон донишҷӯ мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ