Шуҳрати ҷаҳонии Манижа Сангин

Номи Манижа Сангин, тоҷикдухтари ҷавону боистеъдод аз соли гузашта ин ҷониб дар сархати расонаҳо қарор дорад. Ҳама аз ӯ мегуфтанду мегӯянд.

Ӯ соли пор бо суруди “Зани рус” Федератсияи Русияро дар озмуни “Евровидение-2021” дар миёни 41 кишвар муаррифӣ кард ва ба даҳгонаи беҳтаринҳо шомил шуд.

“Барои ман ширкат дар “Евровидение” як фурсати олие барои суҳбат бо ҷаҳон дар бораи чизҳои барои ман воқеан муҳим аст. Ман тоҷикам, Русия маро қабул кард ва ба воя расонд. Ман мехоҳам, ки бо сурудҳои худ кишвари худро муаррифӣ намоям, то аз фарҳанги бойи мо дигар кишварҳо низ огоҳ бошанд. Чи тавре ки мо онҳоро хуб мешиносем, бигузор онҳо низ моро шиносанд”,- гуфтааст сароянда дар як суҳбати худ”.

Манижа кист?

Манижа Сангин соли 1991 дар хонаводаи модари омӯзгори фанни физикаи Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ Ибни Синои шаҳри Душанбе ва падари табиб ба дунё омадааст. Ҷанги дохилӣ оиларо водор кард, ки ба Маскав бикӯчад ва тавре худи Манижа борҳо гуфтааст, барои бузург кардани ӯву дигар фарзандон, модар ба ҳама кор даст задааст: дар бозор майдафурӯшӣ карда, равонпизишкиро омӯхтааст, ҳунарҳои дӯзандагиву пазандагӣ ҳам барои таъмини рӯзгораш кумак шуд.

Манижа мусиқиву забони англисиро омӯхту бо варзиш машғул шуд. Нахустин ҳунарнамоии Манижаи 12-сола дар саҳнаи калон бо тахаллуси эҷодии Ру.Кола сурат гирифт, чун дар талоши пайдо кардани мавқеи худ дар саҳнаи пуррақобати мусиқии замонавӣ буд. Бо вуҷуди мавҷи фишору таҳқирҳо, Манижа ҳамеша гуфтааст, ки зодаи Тоҷикистон буда, бо фарҳангу гузаштаҳояш ифтихор мекунад.

Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шуҳрат пайдо кард.

Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфтааст, ки қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд.

Президант: “Ӯ ифтихори мост”

Рӯзи 21-уми майи соли 2021 Президенти кишвар зимни мулоқоташ бо ҷавонони Тоҷикистон дубора аз ҳунарнамоии овозхон Манижа тавсиф кард. Ӯ гуфт: «Манижа ҳарчанд аз номи миллати рус баромад ҳам кунад, ӯ ифтихори мост ва ҳама ӯро аз худ медонанд».

Ҳамчунин, пештар низ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз овозхони тоҷиктабори Русия, ки роҳ ёфтанаш ба “Евровидение-2021” боиси вокунишҳои зидду нақиз гашта буд, тавсиф карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *