СРИҶҶ: Фазлиддин Назарзода худкушӣ накардааст, дар Душанбе адои ҷазо мекунад
Капитан Фазлиддин Назарзода, собиқ корманди мақомоти милитсия на дар маҳбаси шаҳри Бохтар, балки дар муассисаи ислоҳии рақами 7-и шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешудааст.
Тавре аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Pressa.tj иттилоъ доданд, сарусадои худкушии Фазлиддин Назарзода низ бепоя аст.
“Ӯ саломат аст. Ҳоло вай дар Муассисаи ислоҳии рақами 7-и шаҳри Душанбе адои ҷазо менамояд, на дар Бохтар”,- кӯтоҳ посух доданд аз Сарраёсат.
Дар муассисаи мазкур, ки дар ҳудуди Раёсати БДА ҷойгир аст, собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигоҳ дошта мешаванд.
Қаблан хабаргузории “Бомдод” матлабе нашр кард, ки капитан Фазлиддин Назарзода 24-уми март дар боздоштгоҳи шаҳри Бохтар худкушӣ карда, ӯро дар зодгоҳаш ба хок супоридаанд.
Гуфта мешавад, ки Фазлиддин Назарзода собиқ нозири минтақавии ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш аст. Ӯ бо ҷурми сӯйистифода аз мақом 3 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шудааст. Ҳоло бошад, дар муассисаи ислоҳии рақами 7-и шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ 38-сола ва соҳиби 3 фарзанд будааст.
“Бомдод” менависад, ки «Фазлиддин Назарзода моҳи августи соли 2021 бо иттиҳоми “подстава” кардани як сокини ноҳияи Вахш бо мақсади аз вай пули калон “кандан” дастгир шуд. Нафаре, ки капитан Назарзода барои “подстава” кардани он сокини Вахш интихоб карда буд, аз иҷрои супориши ин афсари милитсия тарсида, ба додситонӣ хабар дод ва кормандони додситонии вилояти Хатлон ним сол пеш ҳангоми ба дом афтондани он сокини ҷабрдида худи капитан Назарзодаро ба дом афтонданд ва ба ҳабс кашиданд».
Моҳи феврали соли 2022 додгоҳ Назарзодаро дар берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ гунаҳкор шинохт ва ба сеюним соли зиндон маҳкум кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ