Си Ҷинпин ба Душанбе меояд. Аз ифтитоҳи ду бинои муҳташам то густариши равобити иқтисодӣ
Дар назар аст, ки аввали моҳи июли соли равон Президенти Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ояд. Бо иштироки Президенти Чин Си Ҷинпин ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон биноҳои муҳташам — Ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ба истифода дода хоҳанд шуд.
600 ширкати чинӣ дар Тоҷикистон
Пеш аз сафари Президенти Чин ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар баргузор шуд. Дар он 150 нафар соҳибкору сармоягузори Тоҷикистону Чин бо ҳайатҳои давлатӣ иштирок намуданд. Дар доираи форум санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла, сохтмони корхонаи бойгардонии маъдани оҳан дар кони «Шоҳқадамбулуқ», таъмин ва насби конструксияҳои сатҳи байналмилалӣ дар сохтмони варзишгоҳи шаҳри Душанбе барои 3000 ҷойи нишаст, таъмини электромобилҳо барои хизматрасонии таксӣ дар шаҳри Душанбе, ҷудо намудани маблағҳо барои дастрас кардани техникаи махсус ва таҷҳизоти истеҳсолӣ, коркарди сангҳои ороишӣ дар конҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, сохтмони маркази логистикӣ, сохтмони заводи металлургии «Талко Голд» ва дигар лоиҳаҳо ба имзо расонида шуд. Маблағи умумии санадҳои имзошуда беш аз 6 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти оморӣ, айни замон дар ҳудуди кишвар 600 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият доранд. Ҳаҷми сармояи чинӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар даҳ соли охир беш аз 3,8 миллиард долларро ташкил додааст.
1,5 миллиард юан — кумаки бебозгашт
Дар доираи сафари Президенти Чин дар шаҳри Душанбе биноҳои нави Ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ифтитоҳ мешаванд. Сохтмони бинои нави парлумон ба итмом расидааст. Ҳоло танҳо корҳои зебо намудани гирду атрофи он идома дорад. Маврид ба таъкид аст, ки Чин барои сохтмони ин биноҳо ҳамчун кумаки бебозгашт 1,5 миллиард юан ҷудо карда буд. Наздик ба 5 сол ин биноҳо бо тарҳи ҷолиби диққат сохтаву акнун ба истифода дода мешаванд.
Бинои парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шудааст. Дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ҷойгир аст. Аз рӯйи лоиҳа, баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад. Дар ошёнаҳои бинои нави парлумон маҷлисҳои якҷоя барои 1 ҳазору 500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонон, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгиранд.
Бинои 15-ошёнаи Ҳукумат
Бинои нави Ҳукумати Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст. Бино ба иттилои пешакӣ, масоҳати қитъаи замини маҷмааи Ҳукумати Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил медиҳад.
Дар он бинои 15-ошёнаи ҳукумат, ду бинои 13 — ошёнагии идораҳои назди ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд гардидаанд. Дар ошёнаҳои бинои ҳукумат толор барои ҷаласаҳои ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгиранд.
Тавре аён аст, намои биноҳои парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон бо истифодаи унсурҳои миллӣ ва нақшунигор сохта шудаанд.
Нақши Чин дар рушди Тоҷикистон
Воқен ҳам, ҳоло Чин яке аз шарикони асосии иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон низ ин кишварро дуюмин шарики стратегӣ мешиносад. Бино ба маълумоти оморӣ, танҳо дар панҷ соли охир дар кишвар беш аз 10 лоиҳаи муштараки Чину Тоҷикистон ба анҷом расидаанд. Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, корхонаи ресандагии Ҷунтай — Данғара — Синсилу текстил, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли семент дар вилояти Суғд, нақби роҳи оҳани Ваҳдат — Ёвон ва корхонаҳои фториди алюминию криолит, ки бо саҳми Чин бунёд шудаанд, фаъолияти назаррас доранд.
Иброҳим Иброҳимзода, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки нақши Чин дар таҳкими рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ ва сармоягузорӣ афзалияти аввалиндараҷа дорад.
“Дар доираи сафари раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзҳои 20-23-юми августи соли 2023 миёни бахши хусусии Тоҷикистону Чин ба маблағи беш аз 400 миллион доллар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Санадҳои имзошуда бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои химия, мошинсозӣ, логистика ва ғайра амалӣ карда мешаванд”,- мегӯяд номбурда.
Мавқеи Чин дар Тоҷикистон
Бино ба маълумоти оморӣ, дар сохтори гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон Чин дар ҷойи дуюм меистад. Ҳиссаи Чин дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2019-ум 14,6%-ро ташкил додааст. Аммо дар соли 2020, бо сабаби паҳншавии пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳои давлатии кишварҳо, ҳиссаи Чин дар ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ то 10,4% коҳиш ёфт. Дар соли 2021-ум 13,2%, соли 2022-юм 16,6%, соли 2023-юм 18% афзоиш ёфта, танҳо соли 2023 ҳиссаи Чин дар ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 21,6% зиёд шудааст. Сол то сол ҳиссаи гардиши тиҷорати маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин меафзояд.
Коршинос Иброҳим Иброҳимзода таъкид менамояд, ки Чин дар рушди соҳаи истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон, аз ҷумла тилло, нуқра, ангишт, филизоти қимматбаҳо фаъолона иштирок мекунад. Ғайр аз ин, Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ширкатҳои чинӣ корхонаҳои коркард ва истихроҷи ангиштсанг, оҳан, сурма, фосфор ва филизоти нодирро ба роҳ мондааст.
“Бо ҳамкории ширкатҳои дуҷониба корхонаҳои коркарди семент низ фаъолият менамоянд. Ин корхонаҳо бозори ватаниро таъмин ва то ҳадди имкон ба бозори минтақа ва ҷаҳонӣ содирот менамоянд.Ҷалби сармояи хориҷии Чин назаррас аст. Танҳо ба маблағи 3 миллиарду 252 миллион доллар, ки ин 29,5 дарсади тамоми сармоягузориҳои мамлакатро ташкил медиҳад, ба соҳаҳои гуногун равона карда мешаванд. Аз ҷумла, алоқа, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ, таҳқиқоти геологӣ ва истихроҷи маъдан, насби таҷҳизоти технологӣ, саноат, сохтмон ва дигар навъҳои хизматрасониро фаро мегирад. Танҳо дар соли 2021 Чин беш аз 211,4 миллион доллари ИМА ё 61,8 дарсад сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакатро ворид намудааст”,- изҳор дошт номбурда.
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Чин
№ | Солҳо | Миқдори маблағ бо доллари ИМА/млн | Нишондиҳандаҳо бо % |
1. | 2019 | 660,9 | 14,6% |
2. | 2020 | 472,8 | 10,4% |
3 | 2021 | 839,3 | 13,2% |
4 | 2022 | 1210,0 | 16,6% |
5 | 2023 | 1503,2 | 18,0% |
Дурнамои ҳамкорӣ
Ба андешаи коршиносон, афзалиятҳои минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин метавонанд дар самти энергетика афзоиш ёбанд. Гузашта аз ин Чин, ки худ аз захираҳои гидроэнергетикӣ ғанӣ аст, метавонад ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд. Дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикӣ низ Чин бо Тоҷикистон ҳамкории густурда дорад. Ба истифода додани хати интиқоли барқи 500-киловатаи «Ҷануб-Шимол» ҳамкории энергетикии дуҷонибаро такон бахшид, ки дар натиҷа, шабакаи энергетикии Тоҷикистон ба системаи ягона пайваст карда шуд. Ҳамчунин, бо кумаки Чин дар шаҳри Душанбе Маркази гармидиҳӣ ба истифода дода шудааст, ки расидан ба истиқлоли энергетикиро то андозае осон намуд.
Ба андешаи коршинос Иброҳим Иброҳимзода, дурнамои минбаъдаи ҳамкории Чин бо давлатҳои Осиёи Марказӣ бошад, бо татбиқи лоиҳаҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» алоқамандии назаррас дорад. Бо дарназардошти динамикаи рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин бо Осиёи Марказӣ, метавон гуфт, ки нуфузи он дар ин минтақа афзоиш хоҳад ёфт.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ