Си Ҷинпин вориди шаҳри Душанбе шуд
4 июл Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро самимӣ истиқбол гирифт.
“Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.
Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 4 то 6 июл дар Тоҷикистон идома меёбад.
Зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ