Си Ҷинпин аз талоши тақсимсозии Чин интиқод кард

Си Ҷинпин, президенти Чин дар пайи эътирозҳои зиддичинии Ҳонконг, ки бештар аз чаҳор моҳ инҷониб давом дорад, гуфт, ҳама гуна талоши тақсимсозии Чин бо «порасозии ҷисмҳо ва ба хоку хокистар табдил додани устухонҳо» анҷом мешавад.

Ба иттилои расонаҳои расмӣ, Си Ҷинпин дар ин бора дар ҷараёни сафараш дар рӯзҳои истироҳати гузашта дар Непал суханронӣ кардааст.

Изҳороти Си Ҷинпин дар ҳоле садо медиҳад, ки эътирозгарон дар Ҳонконг ахиран бо мақомот задухӯрд карданд. Дар Тайван ҳам, ки Пекин онро ҷузъе аз қаламравӣ худ медонад, вазъ муташанниҷ шудааст. Чин пештар аз ин «неруҳои хориҷӣ»-ро дар густариш додани эътирозҳои Ҳонконг айбдор кард.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва кишварҳои Ғарбӣ Чинро ба хотири поймол кардани ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ақалиятҳои Тибет ва Шинҷон, маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоъ, мавҷуд набудани рақобати воқеии сиёсӣ айбдор мекунанд.

СММ дар соли 2018 хабар дод, ки дар «марказҳои мубориза бо терроризм» дар Чин наздики 1 миллион ақалиятҳои миллӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар Непал наздики 20 ҳазор тибетиҳои фирорӣ зиндагӣ мекунанд ва таҳти фишори Пекин ҳукумати коммунистии Непал фаъолияти ақалиятҳои тибетиро маҳдуд кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *