Сиҷоуддин Саломзода дар Исфара форум доир кард
Рӯзҳои 15-16 феврали соли равон дар доираи тадбирҳои “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорон “Форуми соҳибкорон” ва мулоқоти раиси шаҳри Исфара бо соҳибкорони ватанӣ ва бурунмарзӣ баргузор шуд. Ба гуфти раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин минбаъд дар шаҳр маркази таълимии соҳибкорон таъсис дода мешавад. Мақсади асосӣ аз баргузории Форум пеш аз ҳама дастгирии ҳамаҷониба ва минбаъдаи соҳибкорон дар шаҳри Исфара мебошад.
40 иншооти ҷашнӣ дар Исфара
“-Соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” дар шаҳри Исфара яке аз ҳадафҳои асосии мо аст, ки саҳми ҳар яки онҳо барои ободонии шаҳр хеле назаррас аст. Мақомоти шаҳри Исфара нақша дорад, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 40 иншоотро бунёд карда, мавриди истифода қарор диҳад. Албатта дар ин кор бидуни саҳми соҳибкорон ва дастгирии онҳо имконнопазир аст. Мувофиқи қонун тамоми шароитро барои дастгирии соҳибкорон ва рушди соҳа фароҳам оварда истодаем, аз ҷумла ҷудо кардани қитъаи замин, саривақт дастрас кардани сертификати истифодаи замин ва иҷозатномаи сохтмон”-афзуд раиси шаҳри Исфара, Саломзода.
Форуми соҳибкорон бо ширкати сарварони Ассотсиатсияҳои соҳибкорони шаҳрҳои Москва, Санкт — Петербург ва Новосибирски Федератсияи Россия, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир шуд. Раиси шаҳри Исфара таъқид дошт, ки ободу зебо гардонидани шаҳр кори дастаҷамъона ва софдилонаи ҳар сокини шаҳрро тақозо мекунад. Шаҳри худамонро худамон обод накунем, магар аз берун фикри ободии шаҳри моро мекунад? Аз ин рӯ, якдилу муттаҳид ва корҳои созандагиро бештару пештар бояд ба роҳ монд
Соҳибкорон муттаҳид мешаванд
Ташкилу баргузории Форум ҳар шахси ватандӯсти ин шаҳрро водор мекунад, ки дар диёри худаш барои ободӣ саҳм гузорад. Ҳадди ақал роҳрави атрофи хонаи худро обод кардан ин ҳам як саҳмгузорӣ барои ободии шаҳр аст. Ҳар яки мову шумо дар мактабҳои гуногун таҳсил кардаем. Агар ҳадди ақал ҳамон синфхонаи 10-11 сол хонаи худамонро таъмир кунем мебинем, ки мактаб обод, атрофи хонаамонро обод кунем мебинем, ки роҳравҳо обод ва дар уму шаҳр обод шудааст-афзуд раиси шаҳри Исфара.
Баргузории чунин як ҳамоишу чорабинии бонуфуз ва ба намоиш гузошта шудани дастраныи мардуми меҳмоннавозу фарҳангӣ ва ҳунарманди ин шаҳри куҳанбунёд бояд такони тозае барои пешрафту ободии шаҳр бошад. Раиси шаҳри Исфара пиромуни имконияти зиёди ҳамкориҳо ҷиҳати рушд дар самтҳои сайёҳӣ, саноатӣ, табобатию солимгардонӣ, маорифу фарҳанг ҳамаҷониба корбариҳо рафта истодааст, аз ҷумла таъмиру тамрини мактабҳои миёна ва бунёду таъмири беморхонаҳо.
26 млн. сомонӣ саҳми соҳибкорон ба буҷаи шаҳр
Ба гуфти Саломзода Сиҷоуддин танҳо дар соли 2018 аз ҳисоби соҳибкорон ба буҷаи МИҲД- шаҳри Исфара 25-26 млн. сомонӣ ворид шудааст.
-Ин миқдор маблағе, ки аз ҳисоби соҳибкрон ба буҷа ворид шуд ва барои иҷро шудани нақша мусоидат кард, пули кам нест ва барои амалӣ кардани нақшаҳои зиёди ободкоронаи шаҳр истифода хоҳад шуд. Ҳоло дар шаҳр 47 корхонаҳои саноатӣ ҳаст ва истеҳсоли молу маҳсулоти онҳо ҳам барои ниёзи мардум ва ҳам содирот ба талабот ҷавобгӯй аст. Аммо набояд бо ин иқтифо кард. Зеро Исфара шаҳри саноатӣ аст ва бояд соҳаи саноат бояд рушд кунад.
Дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бинои мутобиқ ба талаботи меъморию сохтмонии муосир сохташудаи Маркази адлия барои кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариус, судиҷрочиён ва Маркази ҷавонони шаҳри Исфара, ки арзиши корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо беш аз 5 миллиону 850 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Агар дар соли 1990 дар шаҳри Исфара ҳамагӣ 17 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта бошад, соли сипарӣ 47 корхонаи саноатӣ фаъолият кардаанд. Дар Форум раиси шаҳри Исфара аз зиёд будани сафи химикони шаҳр ва фаъолияти ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»- и шаҳри Исфара изҳори хушнудӣ карда гуфт: ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»- и шаҳри Исфара, ки маҳсулоташ ҳанӯз соли 1999 бо ҷоизаи “Арки Аврупо барои сифати баланд” сазовор дониста шуда буд, яке аз корхонаҳои намунавӣ аст, ки нақши калидӣ дорад. Дар радифи ин корхона корхонаи семендбарории шаҳрро низ метавон баён дошт, ки ҳам дар таъмини бозори дохила ва ҳам содирот хеле муваффақ аст.
Дар ҷамъбасти форум ба соҳибкорони бунёдкор сертификати қитъаи замин барои сохтмон ва ҳуқуқи истифодабарии онро дар вазъияти тантанавӣ супурда шуд.
Фарзона Муродӣ, Хуҷанд-Исфара-Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ