Сигналҳои мағзи сар, ки роҳро ба шинохти инсон мекушоянд, кашф шуданд

Олимони донишгоҳҳои Сидней ва Фудани Австралия ҳангоми омӯзиши томографияи функсионалии магниту резонансдор (fMRI)-и қишри мағзи сари одам мавҷҳои спиралмонандеро муайян карданд, ки дар фаъолияти зеҳнӣ нақши муҳим доранд.

Тибқи иттилои нашрияи Nature Human Behavior, сигналҳои муайяншудаи мағзи сар дар тамоми қишр ҳам ҳангоми истироҳат ва ҳам дар лаҳзаҳои корҳои шадиди равонӣ амал мекунанд.

Бори аввал спиралҳои аҷиби майна дар қишри мағзи сар муайян карда шуд. “Онҳо,- хулоса мекунанд муаллифон,- дар ташкили фаъолияти майна ва коркарди иттилоот нақши муҳим доранд”.

Спиралҳо дар атрофи нуқтаҳои марказӣ дар тамоми қишр паҳн мешаванд. Ва онҳо ҳатто метавонанд то 10 см ҳаракат кунанд. Дар нимкураи чап ва рост, онҳо, чун қоида, ба таври симметрӣ ҷойгиранд.

Спиралҳо аксар вақт дар сарҳади шабакаҳои функсионалии майна ҷойгиранд ва метавонанд «пулҳои иртиботӣ» байни қисмҳои гуногуни майна бошанд. Вақте ки иштирокчиёни озмоиш вазифаҳои мушаххасро иҷро карданд, спиралҳо самтро иваз карданд. Ҷойгиршавии спиралҳо ва самти гардиши онҳо аз дақиқияти вазифаҳо вобаста аст.

Олимон умедворанд, ин донишҳои нав барои муолиҷаи беҳтари як қатор бемориҳое, ки бо фаъолияти майна алоқаманданд, кумак мекунанд. Онҳо инчунин дар таҳияи компютерҳои нав, инчунин шабакаҳои нейрон кумак хоҳанд кард. Ва онҳо асоси тадқиқоти минбаъдаи асрори тафаккур мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *