Гисар

Сиккаҳои Ҳисор дар Теҳрон

Китоби муаррихи тоҷик Давлатхоҷа Довудӣ «Сиккаҳои Ҳисори шодмон» дар Теҳрон ба табъ расид. Дар ин бораи Шоҳмансури Шоҳмирзо масъули Муассисаи фарҳангии ЭКО аз Эрон хабар дод.

Шоҳмансури Шоҳмирзо менависад:
Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон фурсати мусоид барои пайдо кардани ҳар китоб аст. Сайру гашт дар ғурфаҳо ҳатман хушҳолатон мекунад ва ба уқёнуси китоб менигарию тааҷҷуб мекунӣ кадомашро бихарӣ. Ноширону нависандагон, мутарҷимон, пажӯҳишгарони зиёдеро мебинӣ ва ба натиҷае мерасӣ, ки як умри дигар лозим аст, ки ҳамаи ин ганҷинаҳоро бихонӣ.
Соати авҷи намоишгоҳ буд ва ҷавоне хандон вориди ғурфаи Муассисаи фарҳангии ЭКО шуд.

Ман Саидҷаводи Хонӣ, ин китобро баргардон намудам-«Сиккаҳои Ҳисори шодмон», асари доктор Давлатхоҷа Довудӣ, ҳамшаҳрии шумо.
Бояд санг бошӣ, ки аз ин мужда хушҳол нашавӣ. Китобро Сиддиқа Фуруғиён вироиш намуда, интишороти Бурнород онро бо шуморагони 200 нусха дар 180 саҳифаи мусаввар мунташир намудааст.
Рассом Ҳамиди Эроншоҳӣ портрети шодравон Давлатхоҷа Довудиро муносиб кашида ва китоб бо пешгуфтори доктор Абдувалӣ Шарифзода-таърихшиноси тоҷик зиннат ёфтааст.
Саидҷаводи Хонӣ дар муқаддимаи китоб менависад тасмим дорад китобҳои дигари Довудӣ-«Шаҳри бостонии миси Айнак» ва «Шаҳраки кушонии Сайёд»-ро ҳам ба форсӣ баргардон ва дар ихтиёри хонандагони эронӣ қарор диҳад.
Нашри китоб ба адабдӯстон муборак ва равони муаллифи он Давлатхоҷа Довудӣ(1950-2022)-бостоншинос ва сиккашиноси тоҷик шод бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *