Силоҳҳоятонро гузошта, назди фарзандонатон баргардед!
Президенти Украина эълон кардааст, ки омода аст бо Русия вориди музокирот шавад.
Президенти Украина Владимир Зеленский изҳор дошт, ки дер ё зуд музокирот миёни Киеву Маскав барои қатъи музокирот оғоз хоҳанд шуд.
Тибқи иттилои РИА «Новости», Зеленский зимни як муроҷиаташ таъкид намудаст, ки гуфтушунидҳо ҳар қадар фавритар оғоз шаванд, ҳамон қадар талафот камтар хоҳад буд.
«Русияро зарур меояд, ки дер ё зуд бо мо гуфтугӯ кунад. Гуфтугӯ барои қатъи амалиёти низомӣ ва анҷоми ҳамла. Ҳар қадар муколама тезтар оғоз шавад, ҳамон қадар талафот камтар хоҳад шуд»,- таъкид намудааст Зеленский.
Гуруҳи вакилони парлумони Украина аз Зеленский хостанд, ки фавран гуфтушунид бо ҳамтои русиягияш Владимир Путинро оғоз намояд. Инчунин вакилон хостанд, ки гуруҳи масъули парлумон созмон дода шавад, то машваратҳои стратегӣ бо Русияро баргузор намоянд.
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия рӯзи 24-уми феврал изҳор дошта буд, ки музокирот замоне оғоз хоҳад шуд, ки Киев омода бошад. Аз рӯи гуфтаи Песков, президенти Русия тамоми иқдомоти зарурӣ барои Киевро зикр кардаст, то мушкилоти консептуалӣ ҳал шаванд.
Рӯзи панҷшанбеи 24-уми феврал Владимир Путин, президенти Русия барои анҷоми амалиёти низомӣ алайҳи Украина қарор қабул кард. Дар муроҷиаташ ба русиягиҳо тавзеҳ дод, ки вазъи феълӣ «иқдоми қотеъ ва фавриро талаб мекунад, чун ҷумҳуриҳои Донбасс ба Русия барои кумак муроҷиат кардаанд».
Ба гуфтаи роҳбари Русия, масъули хунрезиҳо дар Украина низоми ҳукмрон дар ин кишвар хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни украинӣ хост, то фармонҳои ҷиноиро иҷро накунанд, силоҳашонро гузоранду пеши фарзандонашон баргарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ