Сим корт 250 сомонӣ мешавад
Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки нархи як сим-корти телефонҳои мобилӣ то 250 сомонӣ муқаррар карда шавад. Қарор аст, ин тасмим пас аз 20-уми август дар Тоҷикистон иҷро шавад ва ширкатҳои мобилӣ муваззаф хоҳанд буд, сим-кортҳоро бо ҳамин нарх ба фурӯш бароранд.
Ин хабарро дар се ширкати мобилӣ тасдиқ карданд. Ба гуфтаи мусоҳибон, аслан ташаббуси боло бурдани нархи фурӯши сим-кортҳо аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ аст.Онҳо гуфтанд, дар як маҷлис бо иштироки менеҷерони сатҳи болоии ширкатҳои мобилӣ, намояндагони Хадамоти алоқа ва мақомоти қудратӣ масъалаи боло бурдани нархи фурӯши сим-кортҳо матраҳ шудааст. Ин маҷлис гӯиё пас аз ҳамлаи 29-уми июл ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара сурат гирифта, мақомот дар доираи мубориза бо терроризм масъалаи боло бурдани арзиши сим-кортҳоро баррасӣ кардаанд, то «сокинон ҳар дам онро иваз накунанд». Масъулони баъзе аз ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, то кунун Хадамоти алоқаи Тоҷикистон кадом санад ва ё қарореро дар ин робита ба онҳо ирсол накардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ