Симин Беҳбаҳонӣ — Эрон
Ёр надорӣ
Чӣ дили? Эй дили ошуфта, ки дилдор надорӣ?
Гӯ ту бемори ғамӣ, аз чӣ парастор надорӣ.
Шаби маҳтоб ҳамон беҳ, ки аз ин дард бимирӣ,
Ту, ки бо моҳрухи ваъдаи дидор надорӣ.
Рози андӯҳ маро аз мани озурда чӣ пурсӣ,
Хун маяфшон зи дилам гар сари озор надорӣ.
Гули бехор ҷаҳоне, ки зи некӯ саяронӣ,
Қавли Саъдист, ки бо ӯ сари инкор надорӣ.
Эй сарангушти ман! Ин зулфи сияҳ роз чӣ печӣ,
Ки дар ин ҳалқаи занҷир гирифтор надорӣ.
Дили бемор зи каф рафту ҷуз ин нест сазоят,
Ки табибе пайи беҳбудии бемор надорӣ.
Гарчӣ Симин ба ғазалҳо сухан аз ёр сурудӣ,
Ба худо ёр надори! Ба худо ёр надорӣ.
***
Дари баста
Боз кун! Ин дар ба рўям боз кун,
Боз кун! К- он дигаронро бастаанд.
Хастагӣ бар хотирам камтар физой,
З -он ки беш аз ҳад касонаш хастаанд .
Боз кун! Ин дар ба рўям боз кун,
То биёсоям даме аз ранҷи хеш.
Дирҳами дар кисаам шоёни туст,
Боз кун то арза дорам ганҷи хеш.
Боз кун то ранҷи рӯзи хешро,
Резам имшаб як ба як бар бистарат.
В-он чӣ бо ман панҷаҳои ҷавр кард,
Ман ба подош он кунам бо пайкарат.
Имшаб аз озори каждумсиратон,
Сӯи ту, эй зан! Паноҳ овардаам.
Гуфтамат «зан», лек ту зан нестӣ,
Рӯ сӯйи мори сиёҳ овардаам.
Дахмаҳоё пушт ин диҳлез ҳаст,
Аз ту, в-он бечора ҳамкорон ту.
Бар дару девори он бинавиштаанд,
«Ёдгорӣ» бевафо ёрони ту.
Боз кун то ин шаби торикро,
Бо ту, эй нодида дилбар! Сар кунам.
Домани нангини ту орам ба даст,
То ба коми хеш нангинтар кунам.
Боз кун к-он ғунчаи пажмурдаро,
Поймоли ишқи кӯтоҳам кунӣ.
В-аз фаровон дарду беморӣ, саҳар,
Ёдбуде низ ҳамроҳам кунӣ.
Боз кун… Аммо ғалат гуфтам, макун,
К-ин дари меҳнат ба рўям баста беҳ,
Дарди худ бар ранҷи ман афзун масоз,
К-ин дили ранҷида, танҳо хаста беҳ.
***
Ношинос
Оҳ, эй ношиноси ноҳамранг,
Боз гӯ, хуфта дар нигоҳи ту чист.
Чист ин иштиёқи саркашу гунг,
Дар паси дидаи сиёҳи ту чист.
Чист ин? – шуълаест гармибахш,
Чист ин? — оташест ҷонафрӯз.
Чист ин? Ахтарест оламтоб,
Чист ин? Ахгарест меҳнатсӯз.
Бар лабони дурушти ваҳшии ту,
Гарчӣ нақше зи ханда пайдо нест.
Лек дар дидаи ту лабхандест,
Ки чу ӯ, ҳеч ханда зебо нест.
Шавқ дорад, чу хоҳиши ошиқ,
Аз лаби ёри шӯхи дилбандаш.
Шӯр дорад, чу бӯсаи модар,
Ба рухи ноздона фарзандаш.
Оҳ, эй ношиноси ноҳамранг,
Нигаҳи сахти ошно дорӣ.
Дили мо бо ҳам асту пайваста,
Гарчӣ манзил зи мо ҷудо дорӣ.
Оҳ, эй ношинос! Медонам,
Ки забони маро намедонӣ.
Лек чун ман, ки хондам аз нигаҳат,
Аз рухам, нақши меҳр мехонӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ