Симо Само – Афғонистон

Меравӣ

Маст, масту шоду хандон меравӣ,

Ҷилва, ҷилва бо баҳорон меравӣ.

Меравӣ шодоб созӣ то диле,

Ташнагонро баҳри дармон меравӣ.

Шамъи маҳфилҳо шудӣ тан дар ту сӯхт,

Қатра, қатра ҷомасӯзон меравӣ.

Ҳар нигоҳи кина бар ту хира шуд,

Об, об дар ҷӯйиборон меравӣ.

Сад ҷавона дар баҳорон бо шиддат,

Даста, даста гул ба домон меравӣ.

Кай фаромӯш мешавӣ аз хотирам,

Қисса, қисса то ба кайҳон меравӣ.

Тунду пайгир жоланорам буд сард,

Мавҷ, мавҷ дар байни тӯфон меравӣ.

Чун шуоъи офтоб гармӣ турост,

Гарм, гарм дар ҳар найистон меравӣ.

Ошёни мурғакон вайрон шудӣ,

Хез, хез долон ба долон меравӣ.

Меравӣ, оре, на бо уммедҳо,

Дур, дур аз ҷамъи ёрон меравӣ.

Побараҳна, носабуру бо шитоб,

Навҳа, навҳа ашкборон меравӣ.

Чун ситора дар само равшан туӣ,

Рафта,  рафта сӯйи осмон меравӣ.

***

 Ҳиҷрон  

Қатраи ашкам, зи чашми осмон афтодаам,

Аз фалак чун хок беному нишон афтодаам.

Осмон борад агар ман оҳиста нолам дар ниҳон,

Тири торики шабам, дар ин макон афтодаам.

Бе ватан,  бе лона,  бе кошона хокистар шудам,

Тоби ҳиҷронро надорам, нотавон афтодаам.

Ногузир дар шӯразорон ман бисозам зиндагӣ,

Лолами доғдори дур аз бӯстон афтодаам.

Ноумед,  озурда аз тақдири худ ман будаам,

Вожгунбахтам, зи зеҳну аз забон афтодаам.

Устувор истодаам дар ғурбату оворагӣ,

Чун насими ошно дар бекарон афтодаам.

Дар суруди сарди Симо нағмаи шодӣ куҷост,

Ман шуоъи офтоб, аз осмон афтодаам.

***

Дараи ман  Панҷшер

Эй дараи зебоям,

Эй маскани фардоям.

Эй маҳди хушовоям,

Эй фарҳати гулҳоям.

Аз баҳри ту сӯзонам,

Ҳар дам дилпарешонам.

Ғавғои ту дар гӯшам,

Эй мақсади дунёям.

Дорам ба дил ормонат,

Бар кӯҳу биёбонат.

Созам ба ту сангардӣ,

Дил буда ба фармонат.

Номи ту, ки Панҷшер аст,

Мардони ту чун шер аст.

Ҳар марду зани Панҷшер,

Ҳамосаву сартир аст.

Сардоба ба ёд омад,

Ин дил ба кабоб омад.

Дарёи хурӯшонат,

Ишқам ба сароб омад.

Симо, ватанат Панҷшер,

Аҷдоди кӯҳанат Панҷшер.

Чанд байти дигар созӣ,

Созу суханат Панҷшер.

سیما سما- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *