Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 2500-солагии Тахти Сангин
Рӯзҳои 5-6-уми октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 2500-солагии Тахти Сангин баргузор мегардад.
Дар ин бора ба Pressa tj Насрулло Убайдуллоев, мудири Пажуҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод.
Тахти Сангин яке аз қадимтарин ёдгориҳои дини зардуштӣ аст, ки дар ин нишаст ҳамчун рамзи омезиши тамаддунҳои Шарқу Ғарб арзёбӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар симпозиум олимони 8 мамлакат иштирок мекунанд. Қаблан дар Тоҷикистон барои таҳия ва муаррифии рамзи ҷашни 2500-солагии шаҳри бостонии Тахти Сангин озмун эълон шуда буд.
Давоми соли 2023 дар ҷойи муҷассама кофтуковҳои густурдаи бостоншиносӣ гузаронида шуда, китобҳое нашр хоҳанд шуд, ки дар бораи нақши ин шаҳрак дар таърихи Осиёи Марказӣ нақл мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021-ум 2500-солагии Тахти Сангини бостонӣ ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Тахти Сангин яке аз бузургтарин ёдгориҳои дини зардуштист, ки дар соҳили рости рӯдхонаи Вахш, дар омезиши он ба рӯдхонаи Панҷ дар манбаи Амударё дар вилояти Хатлони Тоҷикистон воқеъ аст.
Ин шаҳрак дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир буда, дар асри IV пеш аз милод бунёд шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ