Синди Маккейн дар Бохтар. 3500 оила бо обӣ нӯшокӣ таъмин шуданд

Аз соли 1992 то ҳол Ҳукумати Амрико 130 миллион доллар ба кишоварзони Тоҷикистон барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини рӯзгори коргарон дар бахши кишоварзӣ кумак кардааст.

8-уми июл гуруҳе аз рӯзноманигорон якҷо бо хонум Синди Маккейн, сафири ИМА дар оҷонсиҳои озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Рум аз ноҳияҳои Хатлон, ки солҳо инҷониб аз набудани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд ва имрӯз бо кумаки Амрико соҳиби оби тоза шуданд, дидан намуданд. Лоиҳаи мазкур Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони обро, ки ба ҷамоатҳои маҳаллӣ дар идоракунии захираҳои обӣ кумак мерасонанд, дастгирӣ мекунад.

Тавре мушоҳида гардид, дар минтақаи Чорбоғи шаҳри Бохтар 3500 хонавода соҳиби обӣ нӯшокӣ гардидаанд. Ҳамчунин, рӯзноманигорон аз навоҳии Леваканд ва Кӯшониён дидан намуданд.

Синди Маккейн аз он изҳори хушнудӣ кард, ки мардуми ин сарзамин ӯро бо хушнудӣ қабул карданд. Синди Маккейн, сафири ИМА дар оҷонсиҳои озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар оғози суҳбат бо сокинони ин минтақа изҳор дошт, ки маҳз бо талошҳои мардуми ин минтақа онҳо тавонистанд соҳиби обӣ нӯшокӣ гарданд. Дар ин маврид диққати Синди Маккейнро занҳои ин деҳа зиёдтар ҷалб намуданд. Аҳолии ин деҳа бар он назаранд, ки масъалаи оби нӯшокӣ, ки барои як куб об 3 сомониро ташкил медиҳад, ҳеҷ маблағе нест, зеро имрӯз сокинон аз об танқисӣ намекашанд.

Синди Маккейн баъд аз суҳбат бо сокинон пурсид, ки “баъди таъмини мардум бо оби нӯшокӣ дар зиндагӣ чӣ тағйирот ворид шуд?”.

Шаҳло Субҳонова, яке аз сокинони минтақаи Чорбоғи шаҳри Бохтар мегӯяд, ки «бо оби нӯшокӣ таъмин гардидани сокинон бо дастгирии лоиҳаи USAID амалӣ шуд. Мақсад аз ташкили ин лоиҳа оқилона зиндагӣ кардани мардуми деҳот ва сарфакорона истифода бурдани обӣ нӯшокӣ аст. Бо ин мақсад дар деҳа бо занон ва мардон машваратҳо гузаронида шуд. То имрӯз сокинони аҳолии деҳот аз оби нӯшокӣ зиёд танқисӣ мекашиданд. Гарчанде аз деҳа канали оби нӯшокӣ мегузарад, аммо ба талабот ҷавобгӯ нест. Маҳз бо дастгирии лоиҳаи USAID ҳар як хоҷагӣ бо оби нӯшокии тоза таъмин гардид».

Аслан, то ин замон набудани об барои занҳо мушкили аввалиндараҷа буд. Онҳо маҷбур буданд, ки аз масофаи дур обро биёранд. Ҳатто, то ин дам дар баъзе кӯчаҳои манотиқи Хатлон қубурҳои обтаъминкунӣ набуд. Хушбахтона, имрӯз ин муаммо ҳалли худро пайдо кард.

Занҳои ин минтақа мушаххасан мисолҳое оварданд, ки баъди таъмини минтақаи онҳо бо обӣ нӯшокӣ зиндагии онҳо ба куллӣ тағйир ёфт. Онҳо гуфтанд, ки “кӯдакони мо имрӯз бемалол ва нотарсида аз оби нӯшокӣ истифода мебаранд”. “Баъд аз таъмини минтақаи Чорбоғи шаҳри Бохтор бо обӣ нӯшокӣ сатҳи сироятёбӣ аз бемориҳои сироятӣ хеле кам ба назар мерасад”,- изҳор доштанд занҳои минтақаи Чорбоғ.

Синди Маккейн, сафири ИМА дар оҷонсииҳои озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид аз гармхонаҳои ноҳияи Кӯшониён дидан намуд. Баъд аз суҳбат бо сокинони ин минтақа Синди Маккейн ба хулоса омад, ки то ин дам мардум аз надоштани обӣ нӯшокӣ хеле танқисӣ мекашиданд, ки имрӯз ин мушкилии онҳо роҳи ҳалли худро ёфт. Дар доираи ин лоиҳа 80 нафар аҳолии ин минтақа (40 нафар мард ва 40 нафар занон) бо малакаи корҳои сантехникӣ омӯзиш гузарониданд. Аз ҷониби занон ва мардони ин деҳа гуруҳҳои сантехникӣ ташкил карда шуд. Бо ин роҳ аҳолии ин минтақа тавонистанд таъмини обҳои нӯшокиро ба роҳ монанд.

Гарчанде дар деҳа аз ҷӯйҳо об мегузашт, оби тозаи ба талабот ҷавобгӯ набуд. Асосан дар ин деҳа мушкилоти об ба занон вобастагии зиёд дошт.

Дар охир сокинони таъмин бо оби нӯшокӣ миннатдории худро ба хонум Синди Маккейн, сафири ИМА дар оҷонсиҳои озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Рум расониданд.

Ҳукумати ИМА 3200 чоҳи обрасониро насб ва ё таъмир намудааст, ки беш аз 235 000 нафарро дар саросари Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мекунад.

У. ҚУТБИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *