Синни даъват ба артиш боло меравад. Тавзеҳи расмӣ

Роҳбари Кумитаи дифои Думаи давлатии Русия тағйироту иловаҳо ба қонун дар бораи боло бурдани синни даъват ба хизмати ҳарбиро тавзеҳ дод.

Дар тарҳи қонун дар бораи боло бурдани синни даъват фосилаи синнусолӣ аз 18 то 30 муайян шудааст. Дар ин бора раиси Кумитаи дифои Думаи давлатӣ Андрей Картаполов зимни суҳбат бо хабарнигорон иттилоъ дод.

Вай тавзеҳ дод, ки тағйирот ба тарҳи қонун ба хониши дуюми он аллакай пешниҳод гардидааст.

«Асосӣ ин аст, ки ҳадди болоӣ 30 сол аст, маҳдудияти поёнӣ тасмим гирифта шуд, ки 18 сол боқӣ монад, зеро бисёре аз бачаҳо мехоҳанд дар синни 18-солагӣ ба хидмат бираванд»,- гуфт ӯ.

То ба имрӯз синни даъват ба Артиши Русия то 27-солагӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *