«Sinostan». Чӣ тавр Чин дар Осиёи Марказӣ империя месозад?
«Синостан» номи китоби нави Рафаэлло Пантуччи ва Александрос Петерсен аст, ки дар он нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ ва аҳамияти он барои ҷараёни ояндаи таърих таҳқиқ шудааст.
Вақте Раффаэлло Пантуччи ва Александрос Петерсен дар соли 2008 таҳқиқи худро оғоз карданд, нуфузи Чин дар минатқа нав оғоз мешуд.
Пекин соли 2001 қадами нахустини худро дар минтақа бидуни шукуҳу шаҳомат бо таъсиси Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) гузошт, ки як блоки минтақавӣ ба шумор рафта, Русия ва тамоми кишварҳои пешини шӯравии Осиёи Марказӣ, ба истиснои Туркманистонро дар бар мегирад.
Ин иқдом тамаркуз ба АвруОсиёро танҳо дар солҳои баъдӣ дар шароити нуфузи афзояндаи иқтисодии Чин шиддат бахшид, ки бузургтарин шарики тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва бунёдкунандаи шабакаи густардаи лӯлаҳои нафту газ дар саросари минтақа гашт.
Ҳодисаҳо соли 2013, вақте авҷ гирифтанд, ки раисҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин шаҳри Остона (ҳоло Нурсултон), пойтахти Қазоқистонро барои ифтитоҳи “Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим” ҷузъи лоиҳаи чандмиллиарддолларӣ интихоб кард, ки баъдан ба ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ва аломати хоси сиёсати хориҷии Сӣ Ҷинпин табдил ёфт.
Ин барои таҳлилгарони амрикоӣ ва бритониёӣ як далели дигаре шуд, ки исбот кард, пажуҳишҳои чандинсола дар Осиёи Марказӣ ва Чин самара хоҳанд дод. Ду нафар барномаҳои докториву нақшҳои гуногуни дигарро дар марказҳои таҳлилии саросари ҷаҳон ҷамъоварӣ ва болои лоиҳа кор карда, баъдан барои фаҳмонидан ва шарҳ додани он ки чӣ гуна Пекин дар Осиёи Марказӣ «империяи нохоҳам” таъсис додааст, дар шакли китобе таҳия намуданд.
Барои онҳо возеҳ буд, ки минтақа ҳарчи бештар аз ҷиҳати иқтисодию сиёсӣ ба Чин мепайвандад ва ҳамчунин он ба таври органикию бидуни идораи марказӣ ё дар асоси нақшаи дақиқкоронаи Пекин дар бораи чӣ гуна истифода бурдани ин нуфузи нав ба амал меояд.
Пантуччи ба Радиои Озодӣ гуфт: «Мо ҳангоми пайгирии ҳаводис тавонистем мушоҳида кунем, ки идеяи таъсиси империяи нохоҳам дар асоси он ба миён омад, ки Чин муҳимтарин бозигар аст ва ҳамчунин ба ҳама маълум буд, ки дар Пекин касе дидгоҳи стратегӣ надорад».
Аз соли 2014 ба ин сӯ дар Осиёи Марказӣ ҳодисаҳои зиёде рух доданд. СҲШ низ тавсеа ёфта, тиҷорати Чин дар минтақа вусъат ёфт. Пекин ҳам эҳтиёткорона назорати амният дар Тоҷикистонро ба даст гирифт ва иҷрои ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” Чинро ба таври рӯзафзун вориди ҳаводиси минтақа гардонд.
Рафтани Амрико ва тасарруфи Афғонистон аз сӯи Толибон дар моҳи августи соли 2021 барои нуфузи Чин дар минтақа имкониятҳои наверо фароҳам сохт. Ба ҳамин монанд, равобити Пекин бо Маскав низ тағйир ёфт ва раванди авҷи он ба моҳи феврали соли гузашта рост омад. Замоне ки раҳбарони Чин ва Русия санади стратегии фарогирро муаррифӣ карда, гуфтанд, санади имзошуда давраи нави шарикии “беҳудуд”-ро оғоз мебахшад.
Ин ҷараён дар бораи ояндаи минтақа, бахусус баъд аз ҳамлаи Русия дар рӯзи 24-уми феврал ба Украина суолҳои зиёдеро ба миён меорад.
Тавре дахолати низомии Русия дар Қазоқистон дар моҳи январи имсол нишон дод, Маскав ҳамчунон кафили калидии амнияти Осиёи Марказӣ аст ва Чин барои иваз кардани он чандон майл надорад. Аммо ҷанг дар Украина метавонад нуфузи Чинро боз ҳам тақвият бахшида, нуфузи Русияро коҳиш диҳад.
Пантуччи ва Петерсен мегӯянд, Осиёи Марказӣ барои Чин ҳамчун озмоишгоҳе амал мекунад, ки метавон дар он “нақшаи сиёсати хориҷии ояндаи Чин”-ро дид ва эҳсос кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ