Сипос ба Абдуллозода ва Сафарзода
Бо арзи бемор Қудратшоҳ Оев аз шаҳраки Ваҳдати ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истарафшан ба қабули вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода омадем. Қабули беморон бо тартиби муайян, бо иштироки масъулон, зери сарварии вазир оромона, бо муомилаи хуб, хоксоронаю боэҳтиромона сурат мегирифт.
Муроҷиаткунандагон дар қабулгоҳ нишаста, як-як дарди дили худро ба вазир баён мекарданд. Дарҳол ба масъули соҳа аз тарафи Ҷамолиддин Абдуллозода супориш дода мешуд, ки дар доираи талабот муроҷиати шаҳрвандро ба иҷро расонанд. Шаҳрванд ҷавоби муроҷиати худро гирифта, хурсандона аз қабулгоҳ мебаромад.
Вақте ки арзи бемор Оев Қудратшоҳро шунид, оид ба аниқ намудан, ташхиси беморӣ ба сарвари бемористони марказии шаҳр (бо номи беморхонаи советский) Сафарзода Абдулло, ки дар он ҷой ҳузур дошт, супорида шуд, ки беморро ташхис намуда, дарди ӯро аниқ намояд ва баҳри табобат чораҳо андешад.
Бемор зиёда аз 10 рӯз дар ин ҷо парасторӣ карда шуд, ташхисҳо гузаронида шуда, маслиҳатҳо дода шуд. Бемор аз хизмати кормандони тиббии шуъбаи асаб хеле шоду мамнун гашт ва шукрона аз Пешвои миллат дошт, ки чунин ғамхориро барои ятимону барҷомондагон, эҳтиёҷмандон ташкил намуда, зери назорат гирифтаанд.
Имрӯз арзи сипос ва миннатдории худ ва кулли шифоёфтагони бемористонҳои мамлакатро ба табибони хоксору ҳалим, хираду маънавиёти баланд, донишу маълумоти хуб дошта баён намуда, гуфтанием, ки ҳамеша саломат бошед, дастатон дардро набинад, баҳри табобати беморон ҳамеша дастболо бошед.
Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ