Икроми

Сироҷиддин Икромӣ: Амонатбонк монополист нест!

Сироҷиддин Икромӣ, раиси КВД БА ҶТ «Амонатбонк» зимни нишасти матбуотӣ 8-уми август дар ростои гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ иброз дошт, ки «Амонатбонк” ва дигар бонкҳои кишвар нақши миёнаравро бозӣ мекунанд.

“Маблағи хизматрасониро шаҳрвандон ба бонкҳо месупоранд, ин ё он ниҳод қабул мекунад. Вазифаи бонк танҳо қабули маблағ аз шаҳрвандон ва гузаронидан ба ниҳоди дахлдор аст. То имрӯз вазорату идораҳое, ки инфрасохтори худро ташкил карданд, мо бо онҳо ягон мушкил надорем. Масалан, Ширкати “Барқи тоҷик”, КВД “Обу корези шаҳри Душанбе”, Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон ва чанд ниҳоди дигар ба низоми ягона гузаштанд, мушкиле нест. Аммо муаммо дар бархе ниҳодҳоест, ки то имрӯз системаи биллинги худро насохтаанд”,- изҳор дошт раиси Амонатбонк Сироҷиддин Икромӣ.

Номбурда мушкили дигарро дар қабули маблағи шаҳрвандони хориҷӣ арзёбӣ кард. “Шаҳрвандони хориҷӣ то се моҳ, агар дар ҳудуди Тоҷикистон будубош дошта бошанд, ҳатман аз Вазорати корҳои дохилӣ ба бонк маълумотнома бояд пешниҳод кунанд. Баъд бонк имкон дорад, ки барояшон корти бонкӣ диҳад. Ё тибқи талаботи Кодекси андоз, агар онҳо зиёда аз 180 рӯз дар ҳудуди Тоҷикистон бошанду ба ин ё он намуди фаъолияти соҳибкорӣ машғул ва супорандаи андоз бошанд, мо барояшон корти бонк медиҳем. Албатта, дар рафти пардохтҳои ғайринақдӣ мушкилӣ пеш меояд, давра ба давра бартараф мекунем”,- таъкид намуд раиси Амонатбонк.

Сироҷиддин Икромӣ дар ростои гузаштан ба падохтҳои ғайринақдӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе Амонатбонкро яккатоз ва монополист медонанд, ки ин нодуруст аст. “Амонатбонк сиёсати иҷтимоии давлатро пеш мебарад. Мо ҳатто рӯзҳои истироҳат ба кор мебароем, то мардум мушкил накашанд. Кадом бонке, ки мехоҳад дар паҳлуи мо бошад ва дар амалисозии низоми пардохти ғайринақдӣ саҳм гузорад, ҷонибдорӣ мекунем”,- изҳор дошт раис.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *