Сироҷиддин Муҳриддин дар СММ чӣ гуфт?

Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии ғайрирасмии вазирони кишварҳои СҲИ оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ иштирок кард.

Гуфта мешавад, ки 22 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ доир гардид. Дар он вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ ба масъалаҳои мубрами кишварҳои исломӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва вазъи кунунии Афғонистон ишора кард.

«Кишварҳои Созмон аз захираҳои инсонӣ ва табиӣ, инчунин, аз имконияти бузурги энергетикӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ бой буда, истифодаи самараноки он метавонад ба рушди вазъи иқтисодӣ ва шукуфоӣ, таҳкими сулҳу субот ва амният дар паҳнои созмон хизмат кунад», — ёдрас шудааст Сироҷиддин Муҳриддин.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *