Сироҷиддин Икромӣ: Дорандагони кортҳои бонкӣ ба 8,2 миллион расид
Дорандагони кортҳои бонкӣ то охири моҳи октябри соли равон ба 8,2 млн нафар расидаанд. Ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 25 фоиз зиёд аст.
Дар ин бора Сироҷиддин Икромӣ, муовини раиси Бонки миллӣ зимни суханронӣ дар аввалин Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки шумораи ҳамёнҳои электронӣ ба 11,5 млн адад расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 фоиз афзоиш ёфтааст.
“Ҳоло дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва муассисаҳои савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла корхонаву ташкилотҳои давлатӣ дар маҷмуъ 11 804 терминали электронӣ насб гардиданд. Шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 фоиз афзоиш ёфтааст. Айни замон зиёда аз 5,5 ҳазор терминал маҳз барои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд”,-изҳор дошт номбурда.
Таъкид шуд, ки то ҳол аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар марказҳои савдову хизматрасонии кишвар наздики 19 ҳазор QR-рамзи ягона насб гардидаанд.
Дар 10 моҳи соли ҷорӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ дар маҷмуъ ба маблағи зиёда аз 95,6 млрд сомонӣ амалиёт анҷом дода шудаст. Аз ин 24,5 млрд сомониро амалиётҳои пардохти ғайринақдии молу хизматрасонӣ ташкил менамояд.
Ҳаҷми маблағи амалиётҳои ғайринақдӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 маротиба ё ба маблағи 12,8 млрд сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки 25 ноябр дар Китобхона миллии Тоҷикистон аввалин Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар он беш аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти давлатӣ аз 26 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Баромадкунандагон дар баробари дастовардҳои соҳаи технологияи рақамӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалро низ пешниҳод карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ