Сироҷиддин Муҳриддин: Ҳамлаи террористӣ дар Маскав бояд беғаразона тафтиш шавад

Ҳангоми тафтиши ҳамлаи террористии 22-юми март дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи қонунгузории худро, махсусан дар мавриди эҳтимоли бегуноҳӣ, манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона риоя кунанд.

Дар ин бора 12 апрел вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мухриддин зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Мински Беларус изҳор дошт.

Ӯ зикр кардааст, ки намоиши наворҳои боздошти омилони эҳтимолии амали террористӣ дар Маскав бо истифода аз шиканҷа алайҳи онҳо қобили қабул нест.
“Дар натиҷаи як маъракаи иттилоотии нодуруст нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон тасаввури манфӣ ташаккул меёбад, ки ба ин роҳ додан лозим нест. Ҳама бояд ҷазо гиранд: созмондиҳандагон, омилон, шарикон ва фармоишгари ин ҷинояти мудҳиш”, — гуфт вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Муҳридин.

Сироҷиддин Муҳриддин изҳор доштааст, ки Тоҷикистон интизор дорад, ки тафтишоти ҳамлаи террористиии рӯзи 22 март дар Маскав беғаразона ва одилона сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *