Сироҷиддин Муҳриддин: Дар посгоҳи “Ишқобод” занону кӯдакон кушта шуданд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ҳамлаи моҳи ноябри соли ҷорӣ ба посгоҳи «Ишқобод» занону кӯдакон кушта шуданд.

Вай рӯзи 10 декабр аз ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел дар суҳбат бо хабарнигори  Радиои Озодӣ таъкид кардааст, ки террористон кӯдакону занонро барои анҷоми ин ҳамла истифода карданд.

“Бешубҳа, мо тамоми талошро кардем, ки кӯдаконро наҷот диҳем, аммо дар миёни мардуми кушташуда шуморе аз кӯдакону занон буданд. Онҳо ба мо интихоби дигар нагузоштанд.»-гуфтааст Сироҷиддин Муҳриддин.

Шаби 6 ноябр гуруҳи мусаллаҳ ба дидбонгоҳи «Ишқобод» дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамла кард.

Тибқи иттилои расмӣ, бар асари задухӯрд миёни гуруҳи мусаллаҳ ва неруҳои давлати Тоҷикистон 15 ҷангҷӯи гуруҳи «Давлати исломӣ» кушта шудаанд. Вазорати корҳои дохилӣ шумораи дастгиршудаҳоро 4 нафар гуфта буд.

Дар мавриди теъдоди занону кӯдакони кушташуда маълумоте ироа нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *