Сироҷиддин Шакурӣ: Муроҷиат ба фолбинҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам маъмул шудааст

Дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои фолбинӣ, сеҳру ҷодугарӣ зиёд шудааст.

Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Сироҷиддин Шакурӣ, аз моҳи январ то сентябр 21 ҳолати машғул шудан ба фолбиниву ҷодугарӣ ба қайд гирифта шудааст. Нисбати 21 нафар протоколи маъмурӣ бо моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд будааст.

“Сабаб пеш аз ҳама боварии мардум аст. Боз, ба қавле, вақтҳои охир муроҷиат мудерн, яъне замонавӣ шудааст. Ҳатто тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, масалан “Вотсап” муроҷиат мекунанд, ки “фол бинед, ё ҷодугарӣ кунед”. Масалан аз Русия муроҷиат мекунанд, сурати ягон духтар ё писарро мефиристанд…”,- гуфт Шакурӣ ба Pressa.tj.

Ба гуфтаи С. Шакурӣ, аз ҷониби мақомот нисбати ин тоифа фақат протоколи маъмурӣ тартиб дода шудаву ҷаримабандӣ карда мешаванд. Инчунин, забонхат гирифта мешавад, ки дигар ба ҳамин кор даст намезанад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *