Сироҷидин Муҳридин барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон ба Маскав меравад
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳридин имрӯз, 11 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки пас аз ду рӯз бо сафари расмӣ ба Маскав хоҳад рафт ва бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дидору мулоқот анҷом хоҳад дод.
«Масъалаи муҳоҷират дар меҳвари мулоқотҳои мо хоҳад буд» — гуфт вазир.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки муҳоҷират яке аз муҳимтарин масъалаҳои гуфтугӯ миёни Тоҷикистон ва Русия дар ҳама сатҳҳо аст.
«Дар умум бисёр масъалаҳо мусбат ҳал мешаванд», — гуфт Сироҷидин Муҳридин.
Вазир гуфт, ки ҳанӯз ҳам мушкилот ҷой дорад, ҳоло ҳам шаҳрвандони моро, ҳатто донишҷӯёнро дар фурудгоҳҳо манъ мекунанд. Аммо изҳори умедворӣ намуд, ки ин масоил ҳалли худро хоҳанд ёфт.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз қазияи “Крокус Сити хол” дар моҳи марти соли 2024, ки гумонбарони он шаҳрвандони Тоҷикистон эълон шуданд, фишори мақомоти Русия болои муҳоҷирони тоҷик афзуд. Рейдҳои пайдарпай ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия низ давоми як соли охир зиёд шуда, шаҳрвандони Тоҷикистон барои вориди Русия шудан дар нуктаҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳо соатҳо интизорӣ мекашанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ