Сироҷиддин Аслов Сироҷиддин Муҳриддин шуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон насабашро ба номи падари худ гардонда, номи расмиаш дар ҳуҷҷатҳо Сироҷиддини Муҳриддин шудааст.
Насаби ӯ қаблан Аслов буд. Акнун дар ҳукумати Тоҷикистон танҳо се нафар – сардори КДАМ Саймӯмин Ятимов ва раисони ҳарду маҷлиси парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров ному насаби «шӯравӣ”-ашонро нигоҳ доштаанд.Иваз шудани насаби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз як хабари хурди нашршуда дар сомонаи расмии вазорат дар бораи мулоқоти вазир бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан” маълум шуд. Ин аввалин хабаре буд, ки вазири хориҷаро дар он Сироҷиддин Муҳриддин ном бурданд: «22 майи соли 2018 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май” мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан” баргузор гашт.”
Ба дунбол дар сомонаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон тарҷумаи ҳоли вазирро низ таҳрир карда, ӯро бо насаби нав Сироҷиддин Муҳриддин навиштанд. Сироҷиддин Муҳриддин, ки то ҳол насабаш Аслов буд, яке аз охирин аъзои ҳукумати Тоҷикистон аст, ки насабашро тоҷикӣ кард.
Ҳоло дар раддаҳои аввали ҳукумати Тоҷикистон танҳо се нафар — сардори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) Саймӯмин Ятимов ва раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров бо ному насаби «шӯравӣ” боқӣ мондаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ