Сироятёбӣ ба коронавирус коҳиш ёфтааст
Дар давоми як рӯзи охир дар Чин боз 114 нафар аз коронавирус вафот кард. Ҳамин тариқ, шумораи фавтидагон дар ин кишвар ба 2118 нафар расид.
Тибқи иттилои Комиссияи миллии тандурустии Чин, 20 феврал 394 ҳолати нави сироятёбӣ тасдиқ карда шудааст, ки ин нисбати рузҳои дигар хеле камтар аст.
«Як рӯз пеш мақомот хабар доданд, ки 1749 бемор нав ба қайд гирифтанд. Ин коҳиш бо сабаби тағийри усули ташхиси сироят аст», — гуфт комиссия.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз аз ин вирус 74576 нафар сироят ёфтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ