Сирри камбудии барқро муовини сарвазир гуфт
Усмоналӣ Усмонзода рӯзи 2-юми декабр дар ҷаласае дар Хатлон инчунин гуфтааст, «зиёд шудани аҳолӣ ва аз меъёр зиёд истифода намудани нерӯи барқ» эҳтиёҷро ба он бештар кард.
Як моҳ боз масъулони ширкати «Барқи Тоҷик» маҳдудияти нирӯи барқро ба таъмири дастгоҳу зеристгоҳҳо рабт медиҳанд, аммо муовини сарвазир сабаби онро «кам будани об дар обанборҳо» номид.
Усмоналӣ Усмонзода рӯзи 2-юми декабр дар ҷаласае дар Хатлон инчунин гуфтааст, «зиёд шудани аҳолӣ ва аз меъёр зиёд истифода намудани нерӯи барқ» эҳтиёҷро ба он бештар кард. Дар ин бора Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Моҳи июли имсол ширкати “Барқи Тоҷик” аз камбуди об дар дарёи Вахш хабар дода буд. Силсилаи нирӯгоҳҳо дар рӯди Вахш аз тавлидкунандаҳои аслии нерӯи барқ дар кишваранд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳам ба он дохил мешавад. Ширкат он замон фурӯши барқро ба кишварҳои ҳамсоя муваққатан манъ кард, аммо масъулони “Барқи Тоҷик” бебарқиҳои ахирро ба камбуди оби дарё рабт намедиҳанд.
Масъулони ширкати «Барқи Тоҷик» аз оғози моҳи ноябр то ҳанӯз дар посух ба норозигии сокинон мегӯянд, дар кишвар лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва ин вазъро ба таъмири дастгоҳҳо ва истгоҳу зеристгоҳҳо рабт медиҳанд.
Дар оғози моҳи октябр низ интиқоли барқ ба сокинон дар соатҳои муайян қатъ мешуд ва мақомот ин вазъро ба таъмири дастгоҳҳо рабт дода буданд. Дар моҳи апрел ҳам беш аз ду ҳафта бархе аз сокинон бо реҷа барқ гирифтанд, аммо “Барқи Тоҷик” боз ҳам мавҷудияти лимитро рад карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ