Ситоди КҲФ-и Суғд: Агар маст бошед, оббозӣ накунед!
Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд аз дарёфти ҷасади ду ноболиғ ва як прапоршики 23-сола дар соҳили “Баҳри тоҷик” хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин афрод рӯзҳои 20 ва 21 май ғарқ шудаанд.
Шаҳзода Буттаева, сухангӯи Ситод гуфтааст,ки ноболиғони фавтида бародарон Сардор Боймуродови 8-сола ва Марат Боймуродови 13-сола, сокининони деҳаи Дашқарантоғи шаҳри Конибодом будаанд: “Бародарон рӯзи 20 май ҳангоми чаронидани чорво дар соҳили “Баҳри тоҷик” ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Онҳо соати 14:00 ғарқ шудаанд, аммо ба ситод дер хабар расид ва ҷасади аввалиро соати 19:00 пайдо карданд”.
Буттаева афзуд, ҷавони 23-сола прапоршики яке аз қисмҳои низомии Суғд буда, рӯзи 21 май дар мавзеи обутобгоҳи кӯли “Лангар”-и шаҳри Гулистон ғарқ шудааст: “Прапоршик сару либосашро ба назди кӯл монда, ғайб задааст. Соати 20:05 шаби рӯзи якшанбе ҷасадаш аз мавзеи обутобгоҳ дарёфт шуд”.
Ба иттилои манбаъ, ӯ сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон будааст.
Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд аз сокинон ва меҳмонони шимоли кишвар даъват мекунад, дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накунанд ва “ҳангоми сархушу сармаст будан ба об надароянд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ