Ситоишгари ишқу зебоӣ
Тавсифи ишқу зебоӣ дар ашъори латифу рангин ва фасеҳу дилнишини ғазалсарои мумтозу орифи шӯҳратманд Шайх Камолиддини Хуҷандӣ низ ҷойгоҳи хос дорад.
Ин шоири хушилҳону орифи ҳақбин дар ғазалиёти дилнишини худ, ки дар латофату малоҳат беназир аст, ҳусну ҷамоли дилкаш, нозу ишваи беғаши маъшуқ, ишқи пуршӯру дилбастагии пурсурури ошиқро ба маъшуқи заминиву зоти поки илоҳӣ бо шевотарин суханҳои рангин ба ҷилва овардааст.
Ш. Ҳусейнзода нақши зебоиро дар тасвири инсон дар ашъори Камол таъкид карда навиштааст: «Дар ғазалҳои ӯ (Камол – М.М.) ба назар чунин мерасад, ки зебоии ҳақиқӣ баландтарин ва пурбаҳотарин неъматҳо дар олам аст. Маҳз аз рӯи ҳамин ҳам, бисёр ғазалҳои Камол аз таърифи ҳусни зебои маъшуқа иборат шудаанд».
Худи Камоли Хуҷандӣ яке аз ҳадафҳои асосиашро дар ғазал васфи зебоии инсон донистааст:
Чун қасди Камол аз ғазал он сурати зебост,
Шеъри тари чун об нагӯем, чӣ гӯем.
Зебоии инсон дар ашъори Камол беш аз ҳама дар симои маъшуқ таҷассум ёфтааст. Маъшуқ ганҷинаи ҳусну малоҳат ва зебоиҳои олам буда, дилҳои ошиқонро шефтаву мафтун кардааст:
Симинбаданӣ, сарвқадӣ, пистадаҳонӣ,
Ҳар васф, ки ояд ба забонам, беҳ аз онӣ.
Ороми дилӣ, дафъи ғамӣ, марҳами дардӣ,
Ёри куҳанӣ, умри навӣ, мӯниси ҷонӣ.
Зебоии маъшуқ беҳамтост ва ҳеҷ падидаи табиату ҳастӣ ва ҳатто париёни афсонавӣ ҳам ба он баробарӣ карда наметавонанд:
Парӣ ба ҳусну латофат надошт бо ҳама ҳол,
Ҳар он чи дар рухи туст, эй маҳи ҳуҷаста ҷамол.
Ҳусну ҷамоли маъшуқ аз зебоиву латофати узвҳои ӯ ба вуҷуд омадааст. Ҳар узв латофату малоҳати ба худ хос дорад ва ба ҳусни маъшуқ зебоиву таровати тоза мебахшанд. Аз узвҳои маъшуқ беш аз ҳама рӯй, зулф ва қад таваҷҷӯҳи ошиқро ба худ кашидаанд. Ба хусус рӯи маъшуқ маҷмаъу маркази ҳусн буда, зебоиву латофати узвҳои дигарро ҳамоҳанг месозад:
Зиҳӣ бадояти ҳусни рухат ниҳояти лутф,
Хати ту ҳуҷҷати ҳусну лаби ту ояти лутф.
Беҳ аз ниҳояти ҳусни гул асту хандаи ӯ,
Даҳони танги ту чун ғунча дар бадояти лутф.
Аз ин ҷост, ки рӯи маъшуқ рамзу мазҳари зебоӣ дониста, дилбастагии худро маҳз ба рӯи маъшуқ таъкид намуда, аз ҷумла дар мақтаи ғазале навиштааст:
Рӯй ороста бинмой хусусан ба Камол,
Ки ту хос аз паи аҳли назар оростаӣ.
Дар ғазалиёти шоир рӯи зебои маъшуқ чун чароғи хонаи дили ошиқ, Каъбаи ҳусну матлаъи ҷамол, тимсоли зебоиву тафсири оёти кашшофи ҳусн ба қалам омадааст. Бинобар ин чунин рӯи зебо эҳтиёҷ ба ҳеҷ ороишу пероише надорад:
Васфи рӯи ту Камол ар накунад нуқсон нест,
Набувад хоҷати машшота рухи зеборо.
Маъшуқ ҳар қадар зебову дилрабост, ба ҳамон андоза бераҳму пурҷафост. Ӯ фитнагару сангдил, аҳдшикану бевафо буда, ба ҳоли ошиқ раҳме надорад. Аз ин рӯ ошиқ орзуманди он аст, ки хислатҳои ботинии маъшуқ ба зоҳири зебои ӯ созгор гардад:
Соҳиби рӯи накӯро ба ҳама ҳол, ки ҳаст,
Расми дилҷӯиву оини вафодорӣ беҳ.
Зеро аз назари шоир ҳусни ахлоқ, яъне хислатҳои неку ҳамидаи ботинии инсон аз ҳусну ҷамоли зоҳирӣ авлотару бартар аст:
Ба ҳусни хулқ бистон дил зи ушшоқ,
Ки ваҷҳи аҳсан омад ҳусни ахлоқ.
Ошиқ на танҳо ба ҷавру ҷафои маъшуқ бурдбор аст, балки даст аз домани ӯ барнамегирад ва бо тамоми ҳастӣ хоҳони ранҷу ситами ӯст. Ба хусус ошиқ аз рӯи зебои маъшуқ ҳеҷ дил канда наметавонад ва ҳамеша майли дидори онро дорад. Вале зулфи маъшуқ монеи васл аст ва ба ошиқ мушкилоту гирифториҳо пеш меорад:
Эй аз ҳадиси зулфи туам бар забони гиреҳ,
Бикшой бурқа аз руху аз зулф он гиреҳ.
Чашмам гуле начид зи боғи рухат ҳанӯз
То кай занад ду зулфи ту бар абрувон гиреҳ.
Камол борҳо таъкид кардааст, ки маъшуқи ӯ шоҳи хубон буда, аз ҳама зебост. Ӯ пеш аз ҳама дорои ҳусну ҷамоли табиии худодод аст. Маъшуқ пеш аз ҳама инсони заминиест, ки монанди маъшуқи Ҳофиз рӯи гандумгун ё худ чеҳраи сиёҳҷурда дорад:
Ёри хирмансӯзи мо гӯ, рӯи гандумгун бипӯш
В-арна хоҳад сӯхт хирман ҳар киро ақл ҳасту ҳуш.
Рӯи гандумгун намуду ҷони мо як ҷав фурӯхт,
Аз чи шуд ёр инчунин гандумнамои ҷавфурӯш.
Маъшуқ миёни борик, лабони шаккарин, абрӯи чун камон, мижгони тирмонанд, қади чу сарву рӯи ба сони моҳу офтоб дорад. Дар баробари ин дар як гурӯҳ ғазалҳои шоир маъшуқ ё дӯст бештар симои таҷридӣ дошта, соҳиби сифатҳои илоҳист.
Мо ба савдои ту доман зи ҷаҳон барчидем,
Меҳнати ишқи ту бар роҳати ҷон бигзидем.
Дар як зумра ғазалҳои Камол ишқи ҳақиқиву маҷозӣ ё худ ишқи илоҳиву заминӣ бо ҳам омезиш ёфта, пайваста зуҳур кардаанд. Вале дар девони Камол ғазалҳое кам нестанд, ки дар онҳо ишқи заминӣ ифода ёфта, ҳусну зебоии маъшуқони воқеӣ ба қалам омадааст. Ҳатто баъзан, чунон ки дар ғазали зер мебинем, ба маҳаллу миллати маъшуқ низ шоир сареҳан ишора кардааст ва дар ин шеър бӯе аз ирфон нест:
Турки ман маҳ бувад ба туркӣ ой,
Хуш бувад як шабе ба пеши ман ой…
Кард вайрон сарою кохи Камол
Тоқи абрӯи маҳвашони Сарой.
Аз ин рӯ ба натиҷае расидан мумкин аст, ки маъшуқ, дӯст, ёр дар ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ образи воҳиде набуда, гоҳ ҷавҳари зоти илоҳист, гоҳ таҷаллии он дар симои инсон ва гоҳ худи инсони заминист.
Ҷилваҳои гуногуну рангини ҳусну зебоии маъшуқ дар ғазалиёти Камол тарзу усулҳои мухталифи тасвиру нигоришро тақозо намудаанд. Ҳамон тавре ки маъшуқ якрангу якмаром нест, тасвири ӯ низ якҷонибаву яксон нест. Камоли Хуҷандӣ чун мусаввири бузург Камолиддин Беҳзод, ки дар минётурҳои нотакрори худ симои одамони гуногунро ба қалам додааст, ҳусни маъшуқҳои мухталифро бо каломи рангин ба ҷилва овардааст.
Камоли Хуҷандӣ дар тасвири зебоии инсон камоли маҳорати суханвариро ба харҷ дода, бо тасвирҳои рангин, суханбозиҳои ширин, лутфҳои шоиронаву суханҳои дилнишин назми оламшумули форсу тоҷикро ғанӣ гардондааст.
Мирзо Муллоаҳмад, узви вобастаи АМИТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ