Ситонидани 100 сом барои ҳар телефони мобилии воридотӣ

Кумитаи давлатии технологияҳои информатсионӣ ва алоқаи Қирғизистон пешниҳод дорад, барои ҳар телефони мобилие, ки ба кишвар ворид карда мешавад, 100 сом (наздики 1,5 доллар) пардохт гардад.

Дар нишасти хабарии 24 июл раиси кумитаи мазкур Бакит Шаршембиев гуфт, 100 сом аз воридкунандагони телефонҳои нави мобилӣ ситонида мешавад. Вай шарҳ дод, ки на шаҳрвандон, балки ширкатҳо ва шахсони воқеие, ки ба воридсозии телефонҳои ҳамроҳ машғул ҳастанд, бояд ин маблағро пардохт кунанд.

Шаршембиев гуфт, ки ин пардохт «аҳамияти ҳаётӣ» дорад. Ҷорӣ сохтани пардохти мазкур масоиле монанд ба қочоқ, фурӯши маҳсулоти тақаллубӣ, дуздии телефонҳои мобилиро пешгирӣ мекунад. Ба ҷуз ин, чораи мазкур мубориза бо терроризм ва тундгароӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҳоли ҳозир лоиҳаи ситонидани маблағ аз телефонҳои воридотӣ дар ҳоли баррасист ва интизор меравад, дар соли 2019 амалӣ шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *