Ситораҳои футбол бо мухлисони худ дар толорҳои алоқа вохӯрданд
Мизоҷони чор толори алоқаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе имкони нодири мулоқот бо бозингарони тими мунтахаби миллиро пайдо намуданд. Дар рӯзи оянда пас аз пирӯзии барҷаста бар дастаи Непал Зоир Ҷӯрабоев, Амадонӣ Камолов, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Рустам Соиров, Парвиз Умарбоев, Рустам Ятимов ва инчунин қаҳрамони мусобиқаи гузашта – нимҳимоятгар Шервони Мабатшоев, ки ба дарвозаи Непал аз чор ду гол зада буд, барои мулоқот бо мухлисони худ омаданд.
“Ин тасаввурнопазир аст! Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки бозингарони тими мунтахабро аз пеш дида, ҳатто бо онҳо акс гирифта метавонам. Худи ҳозир акси бо онҳо гирифтаамро ба шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорам, бигзор дӯстонам бо ман хурсандӣ кунанд!” – таассуроти худро баён кард Азамат, мизоҷи толори алоқа дар хиёбони Рӯдакӣ 89.
“Доим орзу мекардам, ки бо ин сатҳ футболбозон мулоқот кунам. Тарзи бозии Рустам ва Зоир бароям хеле писанд аст, ҳангоми мулоқот бо онҳо ман билохира имкон пайдо кардам, ки ин гапро ба онҳо рӯ ба рӯ бигӯям ва дасташонро фушурам. Ин беҳтарин иқдом, беҳтарин тӯҳфа барои мухлисони онҳост!” – илова намуд Абдулазиз, ки рӯзи иқдом дар толори оператор воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23 меҳмон шуда буд.
Дар ҳар яке аз чор толор сад мизоҷи аввалин аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” тӯҳфаҳои нодир – тӯбҳои футболро бо соядастҳои бозингарони тими мунтахаб ба даст оварданд. Сокинон дигар имкониятҳои гувороро низ фаромӯш нахоҳанд кард: дар толорҳои оператор онҳо имкон доштанд, ки тӯҳфачаҳои хотиравиро аз оператор ба даст оварда, рақамҳои мақомноки тиллоиро бо тахфифи калон бихаранд.
“Акнун ман рақами аҷоиб бо чор то чор дар охир ва тӯб бо соядасти Шервони Мабатшоев дорам. Рӯз басо бобарор шуд!” – бо табассум изҳор дошт яке аз иштирокчиёни иқдом Мадина. Ба гуфтаи ҷавондухтари номбурда ӯ бо дӯстонаш пахши мусобиқаҳои футболро бо иштирокчи Алишер зиёд тамошо мекунад ва мехоҳад, ки бозиро бо Афғонистон, ки 19 ноябр хоҳад гузашт, пайгирӣ намояд. Тӯби бадастовардааш акнун сайди якҷоя бо дӯстонаш хоҳад буд.
“Имрӯз он қадар чеҳраҳои хушҳолеро дидем, ки барои худ хулосаи бешак баровардем: идеяи ташкили вохӯрӣ бо ситораҳои футбол комилан дуруст буд. Мутмаинам, ки акнун сокинони боз ҳам бештари кишвар дастаи мунтахаби моро мухлисӣ карда, иштирокчиёни ҷавони иқдом бошанд – касбу кори варзишгарро орзу хоҳанд кард”, — дар ҷамъбаст изҳор дошт директори раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва НТМ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Далер Наимов.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ