Ситора Фармоноваро барои ҳамкорияш бо Ҷонибек аз литсензия маҳрум карданд?  

 

Иттиҳоди эстрадии «Узбекнаво» сарояндаи машҳури дастаи КВН-и Қирғизистон- сарояндаи ӯзбектабор, ҳамчунин шаҳрванди Ӯзбекистон Ситора Фармоноваро аз литсензия,  ҳуқуқи сарояндагӣ маҳрум кард.

Чунончӣ сомонаи расмии «Ӯзбекнаво» хабар медиҳад, дар баробари Ситора Фармонова сарояндаҳои дигар Сарвар Азимов ва Комил Фозилов аз ҳуқуқи сарояндагӣ маҳрум гардидаанд.

Сабаби аз ҳуқуқи сарояндагӣ маҳрум гардидани ин ҳунармандонро «Ӯзбекнаво» дар риоя накардани  бандҳои қонуни литсензионии «Ӯзбекнаво» шарҳ медиҳад. Аммо маҳз кадом банди ин қонунро Ситора Фармонова лағв намудааст, «Ӯзбекнаво» шарҳ надодааст.

 Аммо алакай бархе аз расонаҳо сабаби аз ҳуқуқи сарояндагӣ маҳрум гардидани Ситора Фармоноваро на дар гӯиё «риоя накардани бандҳои қонун», балки дар ҳамкорияш бо сарояндаи машҳури Тоҷикистон Ҷонибек Муродов ва суруди чоргона хонданаш бо ӯ ва Зикриоллоҳ Ҳакимов шарҳ медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Ситора Фармонова бо Ҷонибек Муродов аз соли 2009 аз суруди «Ай дил, ай дил» шурӯъ гардида мавсуф бо ӯ ҳамчунини як клип дар асоси суруди чоргонгааш «Дилбар- дилбар» сабт намудааст.

 Дар баробари ин ҳадс мезананд, ки агар дар асл сабаби якуми аз ҳуқуқи сарояндагӣ маҳрум гардидани Ситора- ин ҳамкорияш бо Ҷонибек Муродов бошад, сабаби дигараш шомил будани ӯ ба гурӯҳи КВН-и Қирғизистон аст.

Роҳи пешгирифтаи «Ӯзбекнаво», ки чандин сол боз дар Ӯзбекистон фаъолият дорад ба низом даровардани «одоб»-и сарояндаҳои ҷавон ва пешбурди эстрадаи навини Ӯзбекистон мебошад.

Азбаски дастаҳои КВН бештар дар Русия фаъолияти хешро пеш мебаранд, дар бештари ҳолатҳо вобаста ба вазъият аъзоёни гурӯҳҳо ба «баромадан аз одоби шарқиёна» роҳ медиҳанд ва сабаби дигари аз литсензия маҳрум гардидани Ситораро расонаҳо маҳз дар анна ҳамин «беаҳамиятӣ»- ҳо медонанд.

 Мавриди зикр аст, ки ҳодисаи аз литсензия маҳрум шудани Ситора Фармонова дар таҷрибаи кори «Ӯзбекнаво» ягона набуда пештар аз ин сарояндаҳои дигар аз қабили Тамила, Лола ва Райҳон низ барои риоя накардани одоб дар саҳна аз литсензия маҳрум шуда буданд.

 Аммо масъалаи Ситора Фармонова духӯра буда ба хотири журналистон ҳодисаҳои ду- се сол пеш бо сабаби «рӯ ба рӯ» шудан бо сарояндаҳои тоҷик  ба мушкилоти миёншикан дучор шудани сарояндаҳои ӯзбекро ба хотир меорад.

Чун пештар аз ин сарояндаи ӯзбек Мавлуда барои дуздидани суруди Шабнами Сурайё бо мушкилотҳои вазнин дучор гардида қариб як сол фаъолияти корияш қатъ гарида буд, дар ягон консертҳои давлатию алоҳида иҷозаи баромадро надошт. Даврон Эргашев, ки сенарияи клипи Ҷонибек Муродовро дуздида буд, баъди ин ҳодиса «тақдир»-и Мавлударо такрор намуд.

 Акнун Ситора Фармонова низ ба ин мушкилот дучор гардид. Албатта,  «Ӯзбекнаво» дар ягон ҷо нагуфтааст, ки ин сарояндаҳо маҳз барои бо сарояндаҳо тоҷик «рӯ ба рӯ» шуданашон ба чунин мушкилиҳо дучор гардидаанд. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки чаро маҳз ҳамин сарояндаҳои ё робитаи дӯстӣ дошта бо сарояндаҳои тоҷик ё «рӯ ба рӯ» шуда  ба мушкилоти литсензияю «рӯйихати сиёҳ» рӯ ба рӯ мешаванд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

17 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *