“Ситораҳои эстрадаи тоҷикро ба як нул мезанам!”  

Мегӯяд хабарнигори “Оила” Маҳинаи Давлат

Банда ҳар саҳар пеш аз ба кор даровардани компютер ва оғоз намудани кор аввал ба утоқи умумии кормандони ҳафтанома ворид гашта, аз ҳолу аҳволу ҳар кадомашонро пурсон мешавам, то бифаҳмам, ки то кадом андоза хотирашон ҷамъу ба кор омодаанд. Мисли ҳамешагӣ ин саҳар низ аввал дари утоқи кории зердастонамро кушодам. Маро дидан баробар Рустам Азимӣ садо кард:

-Апаи Фирӯза, илтимос, шумо худатон дар баҳси мо довар шавед!

Ҳайрон шуда пурсидам:

-Тинҷӣ аст, Рустамҷон, шумо бо кӣ ва дар бораи чӣ баҳс мекунед?

-Баҳсамон дар хусуси сарояндагон аст. Ман мегӯям, ки Наимҷони Сайдалӣ ҳофизи зӯр аст ва касе бо вай баробар шуда наметавонад, вале апаи Нодира ду пояшонро дар як мӯза андохта «Ҷонибеки Мурод зӯртар аст, ӯро тамоми ҷаҳон мешиносад» гуфта истодааст. Қариб буд, ки аз рӯйи ин ду садоянда ҳардуямон даст ба гиребон шавем, хайрият, ки шумо омадеду…

-Садриддин аз ҳардуяшон ҳам зӯртар аст!-Гапи Рустамро бурид Маҳина, ки нав аз рухсатии меҳнатӣ баргашта буд.

-Зулайхо зӯр, Зулайхо! Қандаша занад духтардор, чунон суруд мехонад, ки обу адо мешавӣ,-Ба суҳбат ҳамроҳ шуд дизайнерамон Фирдавс, ки дар байни коллектив аз ҳама ҷавонтар аст.

Ҳамин тавр баҳси бачаҳо дар бораи сарояндагон якбора авҷ гирифта, ҳар кас кӯшиш мекард исбот намояд, ки ҳунарманди дӯстдоштаи ӯ беҳтарин аст. Барои об пошидан ба оташи баҳси эшон гуфтам:

-Кӣ зӯртар буданашро ҳозир мефаҳмем! Канӣ Рустамбой, сомонаи «Тajikistantimes.tj»-ро кушо!

Рустам мақсади маро пай бурда, ба сомона ворид гашт ва саҳифаи озмуни «Ягона аз даҳгона»ро кушод. Бо дидани шумораи овозҳое, ки сарояндагон гирифтаанд, табъам хира шуд. Фарзанди шоҳсутуни санъати тоҷик, писари устод Ҷӯрабек Муродов-Ҷонибеки Мурод ҳамагӣ 120 овоз гирифтааст! «Наход Ҷонибек 120 мухлис дошта бошад, охир ӯро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд-ку?!» нобоварона пурсид Нодира, вале ҳоҷати ба саволи ӯ ҷавоб додан набуд, зеро чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

-Канӣ бинед, Зулайхо чанд овоз дорад. Мухлисонаш бо овоздиҳияшон сайтро ба дод овардагистанд,-тахмин намуд Фирдавс, вале хаёли дизайнерамон ҳам хом баромад. Зулайхои таърифӣ ҳамагӣ 182 овоз гирифтаасту халос.

-Садриддин 222, Манижаи Давлат 210 , Шабнами Сурайё 140, Зулайхо Мамадшоева 182, Нозияи Кароматулло 125, Шаҳзоди Даврон 115, эй дилам аз ҳофизҳои тоҷик монд, дар ҳама ҷо дағдаға карда мегарданд, ки мо зӯр, моро тамоми дунё мешиносад, вале ягонтоашон ақаллан 1000 овоз нагирифтаанд,-лабашро бурма кард Маҳинаи Давлат ва афзуд:-Маълум мешавад, ки ман аз инҳо зӯртар будаам, ҳозир тафсилоти як кушторро нависам, чанд ҳазор кас хонда, офарин мегӯяд.

-Ана дидед, гуфтам, ки Наимҷони Сайдалӣ зӯр аст ва ягон кас бо вай баробар шуда наметавонад. 820 овоз дорад. Қандата зан, бачаи  қурғанӣ!-Нидо кард Рустам, дар озмун пешсаф будани сарояндаи дӯстдоштаашро дида ва афзуд,-Шаҳриёр ҳам бад не, 421 овоз дорад…

-Акаи Рустам, ана мебинед, ин ҳафта Зулайхо пеш мегузарад,-гуфт Фирдавс, ки ҳанӯз ҳам ба нокомии ин бонуи ҳунар тан додан намехост.

-Рост мегӯяд, сарояндаҳои дӯстдоштаи мо аз Наимҷони ту монданӣ надоранд, вале мухлисонашон камтар бепарвоянд. Худо хоҳад, аз ин пас фаъол мешаванд ва он гоҳ мебинӣ, ки ҷойи аввалро Ҷонибек мегирад,-орзу кард Нодира.

-Не, ҷойи якумро аз се ҳофизи машҳур яктоаш мегирад, Садриддин, Шабнам ё Манижаи Давлат,-таъмин намуд Шаҳло.

-Ман мухлиси Нозияи Кароматулло ҳастам, мехоҳам, ки Нозия ғолиб биёяд, чунки аз ҳама арзандатар аст,-ба суҳбат ҳамроҳ шуд Сурайё.

-Зулайхо аз Нозия монданӣ надорад, вай ғам ғолиб омада метавонад,-садо кард як ҳамкасби дигарамон.

-Бачаҳо, баҳсу мунозираи шумо фоида надорад, чунки сарояндаи беҳтаринро хонандагони сомонаи «Тajikistantimes.tj» интихоб мекунад, на шумоён. Зинда бошем, мебинем, ки мардум аз ин даҳгона киро ЯГОНА мешуморанд,-гуфтам бо лабханд ба баҳси ҳамкасбонам нуқта гузошта ва  зери лаб сурудеро замзамакунон ба сӯйи утоқи кории худ равон шудам. Раҳораҳ саволе маро азият медод, ки наход сарояндагони тоҷик он қадар аз мӯд баромада бошанд, ки ақаллан чор-панҷ ҳазор овоз намегиранд? Шояд айб на дар сарояндагон, балки дар мухлисони танбал аст, ки хуши овоз додан надоранд?

Тарзи овоздиҳӣ

Барои ба ҷонибдории ҳунармандони писандидаатон овоз додан шуморо лозим аст, ки ба сомонаи «Тajikistantimes.tj» ворид шуда, банери озмуни «Ягона аз даҳгона»-ро пахш намоед. Пас аз ин роҳи шумо ба саҳифаи озмун, ки дар он аксҳои 10 сароянда гузошта шудааст, кушода мешавад ва аз байни ин довталабон якеро интихоб намуда, овоз медиҳед. Маълумоти муфассалро дар бораи тарзи овоздиҳӣ бо телефони 985-81-89-81 гирифта метавонед!

Ситораҳои эстрадаи тоҷик ба дастгирии шумо ниёз доранд. Биштобед! Фаромӯш накунед, ки ҳар як овози шумо барои ҳунармандони дӯстдоштаатон тақдирсоз гашта метавонад!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

8 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *