Ситораи Кароматулло: Мукофотро аз дасти Ҷаноби Олӣ гирифтам

Ситораи Кароматулло дар озмуни «Авҷи баланди суруд» миёни 50 нафар сарояндагони кишвар ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби мукофоти баланд гаштааст-Ин хушхабарро шунида мо ба табрики ин бонуи панҷ панҷааш ҳунар шитофтем.

 

                     

-Ситорабону, аввалан ғолибиятро дар озмуни «Авҷи баланди суруд» бароятон муборакбод мегӯем!

-Ташаккур, ки шодии маро қисмат намудед.

-Барои мухлисонатон дар бораи ин озмун каме маълумот медиҳед?

-Ин озмун дар Кохи Наврӯз баргузор гашта дар он чеҳраҳои шинохтаи кишвар ва меҳмонони олиқадр иштирок доштанд. Пешвои миллат, сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як санъаткорро бодиққат гӯш карда ба ҳунараш баҳо медоданд. Ман як таронаи шашмақомро, ки авҷи бисёр баланд дошт, интихоб карда будам ва росташро гӯям дар дилам андаке ҳарос буд, вале хушбахтона аз уҳдаи суруданаш баромадам. Вақте суруд ба охир расид, толорро мавҷи кафкӯбии бардавом фаро гирифт ва худи Ҷаноби Олӣ мукофотро ба банда супурданд, ки ин боиси хушбахтии ман аст.

 

                                         

Чанде пеш дар толори Консерватория консерт дода будед. Устодонатон ба ҳунари шумо чӣ гуна баҳо доданд?

-«Ситора, ту дар ҳақиқат духтари шашмақом ҳастӣ» гуфтани устодонам то ҳол дар гӯшҳоям садо медиҳад.

-Ситора, росташро гӯед, нолаҳои ҷонгудозе, ки дар таронаҳоятон ба гӯш мерасанд, худододанд ё бо кӯмаки ягон духтури «лор» садоятонро ин қадар дилнишин гардонидед?

-Ман барои такмили садоям машаққати бисёре кашидаам. Омӯхтам, шабу рӯз хоб накарда, мақомсароиро машқ кардам. Садои ҷозибу дилнишинам самари ҳамон заҳматҳост.

-Агар боиси малоли хотиратон нагардад, акнун мегузарем ба саволҳо марбут ба ҳаёти шахсиатон…

-Ман сирри пинҳонӣ надорам, бемалол пурсидан гиред.

-Шунидем, ки як бойбачаи данғарагӣ Ситораро хостгор шудааст?

-Талабгорон аз Данғара дар ҳақиқат буданд, вале банда аз рӯйи мақоли «Аввал бубин ҷойи худ, баъд бимон пойи худ» амал карда, рад намудам.

-Мегӯянд, ки хостгорон дари хонаатонро охурча кардаанд…?

-Хонаи духтардор бе меҳмон намешавад. Хостгорҳо меоянд, вале ман алҳол ба як қарори қатъӣ наомадаам. Санъатамро дар нимароҳ гузоштан намехоҳам. Касе, ки бо Ситора издивоҷ кардан мехоҳад, бояд ақаллан 4-5 соли дигар интизор шавад.

-Суруди пурдарде доред бо номи «Танҳоӣ». Аксари мухлисонатон мехоҳанд асрори ҳамин таронаро донанд…

-Албатта дар дунё ягон дили бе дард нест, вале дарде, ки дар ин тарона садо медиҳад, дарди Ситора не, дарди ошиқони нокомест, ки аз ёр ҷудову бо танҳоӣ ҳамнишин гаштаанд.

-Ситора, шумо ҳам мисли дигар сарояндаҳо ба тӯйҳо меравед?

-Албатта меравам. Тарабобод намудани маҳфилҳои мардум вазифаи ҷонии сарояндагон ва тӯй беҳтарин ҷойи репититсия-майдони машқи ҳунар аст.

-Ин мошини наппа нав аз худатон аст ё аз ягон автосалон иҷора гирифтед?

-Албатта аз худам аст! Ба наздикӣ харидам.

-Дар як мусоҳибаатон гуфта будед, ки боре ҳамроҳи бародарам ба садама дучор шуда будам, аз ҳамон вақт инҷониб аз мошин рондан  сахт метарсам. Тарсро кӣ аз дилатон берун кард?

-Дар ҳақиқат ҳарос доштам, вале баъд нозукиҳои ҳунари ронандагиро омӯхта, ронандаи хуб шудам.

-Ташаккур барои суҳбати ошкоро. Мо, аҳли қалами «Оила» таманно мекунем, ки тезтар шуморо дар зери чодари арӯсӣ бинем!

-Ташаккур!

 

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

58 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *