Сиёҳдона душмани коронавирус. Кашфиёти табиби тоҷик ҳақиқат дорад?
Табиби тоҷик Сайидвалӣ Ҳикматов муътақид аст, ки сиёҳдона иммунитети инсонро баланд мекунад ва яке аз беҳтарин воситаи пешгирӣ ва табобат аз коронавирус мебошад.
Сайидвалӣ Ҳикматов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, аз соли 1997 сарвари ҶДММ «Авитсенна» мебошад. Ӯ солҳои 2004- 2005 дар Намоишгоҳи давлатҳои ИДМ ва Намоишгоҳи байналмилалии Япония ширкат варзида, бо дипломи «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Номбурда муаллифи якчанд давоҳои табиӣ, аз ҷумла, нӯшдоруи «Авитсенна», чойҳои табобатии «Фитодиабет», «Чилдухтарон», равғани сиёҳдона ва ғайра мебошад.
Яке аз давоҳои тақвиятдиҳандаи неруи муҳофизатии инсон, ки Сайидвалӣ истеҳсоли онро ба роҳ мондааст, нӯшдоруи «Сиёҳдона» мебошад. Илми тиб исбот кардааст, ки ба воситаи неру бахшидан ба масуният (иммунитет)- и инсон дилхоҳ бемориро табобат кардан мумкин аст. Таҳқиқоти муосири илмӣ исбот намудааст, ки сиёҳдона масуниятро тақвият мебахшад, дар хуни инсон якчанд маротиба миқдори Т- лимфотситҳо, Т- киллерҳо ва дигар ҳуҷайраҳои ба муолиҷаи бемориҳо ва тақвиятёбии неруҳои муҳофизатии организм масъул зиёд мешавад. Аз ин рӯ, истифодаи нӯшдоруи «Сиёҳдона», равғани сиёҳдона, чойи сиёҳдона ва асал бо сиёҳдона неруи муҳофизатии ҷисмро қувват бахшида, фаъолияти кории касро баланд мебардоранд. Давоҳои мазкур барои муолиҷаи зукому назла, сулфа, нафастангӣ, зардпарвин ва ғайра муфид буда, кирмҳоро аз бадан берун мекунанд. Ин давоҳо барои заноне, ки ширашон кам аст, муфиданд. Ашхосе, ки аз санги гурда азият мекашанд, бо истеъмоли давоҳои зикршуда, аз сангҳо халос мешаванд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки равғану нӯшдоруи «Сиёҳдона» барои беморони рагҳои хунгард, алалхусус склерози рагҳои мағзи сар, давои беҳамтоянд.
Нӯшдоруи «Сиёҳдона», инчунин барои муолиҷаи бемориҳои пӯст, ҳатто махав (ҷузом) давост. Равғани сиёҳдона бошад, ба муқобили заҳри мор ва дигар ҳашароти газанда подзаҳри қавӣ ба шумор меравад. Ҳангоми шикамрав ва ё душвории пешобкунӣ истеъмоли равғани сиёҳдона муфид аст.
Барои муолиҷаи бемориҳои саратонӣ субҳу шом шиками холӣ истеъмол кардани як қошуқча равғани сиёҳдона, як қошуқча нӯшдоруи «Сиёҳдона», як пора сирпиёз ва як қошуқ асал тавсия дода мешавад.
— Истеъмоли равғани сиёҳдона, нӯшдоруи «Сиёҳдона», чойи сиёҳдона бо асал ва илова кардани 10 қатра шарбати лимӯ ба таври ҳайратангез сатҳи қандро дар хун паст мекунанд, — мегӯяд Сайидвалӣ Ҳикматов.- Ин бори дигар исбот мекунанд, ки сиёҳдона барои дилхоҳ беморӣ, аз ҷумла диабети қанд давои беҳамтост.
Имом Бухорӣ, Муслим Ибни Моҷа, Аҳмад ва Имом Тирмизӣ дар бораи даво будани сиёҳдона ҳадиси зеринро аз ҳазрати Муҳаммад (с) ривоят кардаанд: «Сиёҳдона ғайр аз сом ба ҳамаи дардҳо давост». Саҳобагон пурсиданд: «Сом чист?» Расули Худо (с) гуфтанд: «Сом марг аст».
— Барои тақвияти масунияти бадан ва беҳтар шудани саломатӣ дар як шабонарӯз ним қошуқча равғани сиёҳдонаро бо як қошуқ асал ва 5 қатра шарбати лимӯ истеъмол кардан зарур аст,- мегӯяд Сайидвалӣ Ҳикматов.
Номбурда муътақид аст, ки истеъмоли нӯшдоруи «Сиёҳдона» ҳам бо мақсади пешгирӣ ва ҳам бо мақсади муолиҷаи коронавирус муфид аст.
Сайфиддин СУННАТӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ