Сиёҳшишаҳо тоза карда шуданду “сходкаҳо” манъ гардиданд
Дар вилояти Бадахшон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои пурзӯри амниятӣ 3053 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст.
Аз ҷумла, 32 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, 53 воситаи нақлиёти бе рақами давлатӣ ва рақами бегона, 18 холати идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 110 ҳолати бо суръати баланд, 31 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 13 ҳолати мастӣ ва 2387 дигар намуди қоидавайронкуниҳо ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ гардид.
Нисбати 469 нафар вайронкунандагони қоидаи ҳаракат дар роҳ ҷарима бо маблаги 136663 сомони ситонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки аксарияти соҳибони воситаҳои нақлиёти шахсӣ аз ҳаракатҳои ғайриқонунии худ хулосаи зарурӣ бароварда, 210 автомашинаи сиёҳшишаро ихтиёран тоза намуданд.
Дар баробари ин то ҳанӯз ҳастанд соҳибони воситаҳои нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, бе рақами қайди давлатӣ, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба саломатӣ ва хаёти сокинони осоиштаи шаҳри Хоруғ хатар эҷод мекунанд.
Рӯзҳои 2-юм ва 6-уми октябри соли равон сокинони шаҳри Хоруғ Имомназаров Соҳибназар Султонназарович бинобар идора кардани воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накардан, нишон додани муқобилият ва гирифта гаштани лавозимоти ҷангӣ (2 корд ва 1 дона норинҷак), Додихудоев Муслим Ризвоншоевич, Музаффаров Соҳибмамлюк Имомназарович бо ҷурми идораи воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накардан ва нишон додани муқобилият ба кормандони милитсия боздошт ва нисбати онҳо бо моддаҳои 195, қисми 1 ва 328, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Ба ҳамин монанд, 15-октябри соли ҷорӣ дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар мавзеи Бидурди ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21010», рақами қайди транзитии давлатиаш «М 00-10 ТҶ 07» таҳти идораи шаҳрванд Бодуров Навоӣ Шолиевич, санаи таваллудаш 20 апрели соли 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Панфилов, хонаи №15 ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ дар постгоҳи зикршуда ба талаби қонунии корманди милитсия итоат накарда, мехост аз ҷойи ҳодиса фирор намояд.
Ҳангоми кӯшиши пешгирии фирори воситаи нақлиёт Бодуров Навоӣ Шолиевич автомашинаи таҳти идораашро ба муқобили корманди милитсия равона карда, ӯро мезанад ва ба масофаи 300 метр кашола карда мебарад.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои дахлдор ронандаи автомашинаи мазкур Бодуров Навоӣ Шолиевич ва ҳаммаслакони ӯ Давлатҷонов Амид Миликшоевич, санаи таваллудаш 9 январи соли 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, хонаи №58, оиладор соҳиби 2 фарзанд, пештар бо моддаи 201 қисми 1 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, Мазоров Мақсад Атоназарович, санаи таваллудаш 27 августи соли 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи «50-солагии Холруғ», оиладор, соҳиби 4 фарзанд, пештар бо моддаи 244 қисми 2 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, Давлатов Фахриддин Қамарович, санаи таваллудаш 28 сентябри соли 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Носири Хусрав, хонаи №23 ва Айёмбеков Абдураҳмон Оқилович, санаи таваллудаш 11 апрели соли 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Аёмбеков, хонаи №4 барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия боздошт гардиданд.
Дар натиҷаи ташхиси тиббӣ муайян гардид, ки шахсони боздоштшуда дар ҳолати сархушӣ қарор доштанд.
Ситод бо тамоми қотеъият таъкид мекунад, ки ин дидбонгоҳҳои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ то замони ба фаъолияти зиддиқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ хотима гузоштан, боварӣ ҳосил кардан ба таъмини пурраи амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳ, дастгир шудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда, тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолият хоҳанд кард. Ҳамчунин, барои аз байни бурдани тамоми қонуншиканиҳо зимни идораи воситаи нақлиёт, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда фаъолияти дидбонгоҳҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ васеъ карда мешавад. Дахолат намудан ва монеа эҷод кардан ба фаъолияти қонунии ин дидбонгоҳҳо тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ посухи сазовор дода мешавад.
Ҳамчунин, бо мақсади шаффофияти фаъолияти дидбонгоҳҳои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, нишон додани симои аслии шахсоне, ки талаботи қонунгузорро риоя намекунанд, дар ҳамаи дидбонгоҳҳо таҷҳизотҳои сабти навор (видеорегистратор) насб карда мешаванд. Наворҳои оид ба риоя нашудани талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавассути ВАО ба сокинони вилоят ва ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд.
Тибқи маълумотҳои санҷидашудаи Ситод, саркардагон ва фаъолони ГМҶ дар маҳаллаҳо, тарабхонаҳо ва манзилҳои истиқоматии худ бо ҷалби ҷавонони содда ва гумроҳи шаҳри Хоруғ ва навоҳии атроф вохӯриҳо — “сходка”*-ҳо мегузаронанд. Бештари вақт ҷамъомадҳои ГМҶ дар тарабхонаҳои “Шуғнон”, “Шоми Бадахшон”, “Атлант”, “Марко поло”, ошхонаҳои “Мурғоб”, “Орзу”, меҳмонхонаи “Тишор” мегузаранд.
Вобаста ба ин, Ситоди муштарак бо тамоми қотеъият изҳор медорад, ки минбаъд дар маҳаллаҳо, тарабхона, ошхонаҳо, толорҳои варзишӣ ва дигар ҷой ҷамъ кардани ҷавонон, гузаронидани чорабинӣ бо номи “сходка”-ҳо аз тарафи саркардагон ва фаъолони гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳамчун иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ баҳогузорӣ гардида, тибқи талаботи моддаи 187-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ мегардад.
Ҳамзамон, иншоотҳое, ки дар онҳо чунин “сходка”-ҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ гузаронида мешавад, тибқи талаботи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, дар бораи қатъи фаъолият ва тағйир додани таъиноти истифодаи чунин иншоотҳо, то мусодира кардани он чораҳои қатъӣ дида мешавад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи муқаддастарини ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар аст. Маҳз тавассути ин амал мо метавонем садоқати худро ба Ватан, миллат ва халқи худ тасдиқ намоем. Мутаассифона, ҷавонон зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятӣ монда, аз хизмат дар сафи ҚМ ҶТ даст мекашанд.
Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар чорабиниҳои фаҳмондадиҳии мақсаднок ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Комиссариатҳои ҳарбӣ нақшаи муқарраршударо дар шаҳри Хоруғ 100 % иҷро намуд. Ҳамчунин, нақшаи даъват дар ноҳияҳои Рушон, Дарвоз, Мурғоб иҷро гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ