“Сиёма” соҳиби ҷоизаи махсус шуд

Дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2019» ҷамъбаст гардид.

Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд, ки ин ниҳод ҳамчун ташаббускори озмуни мазкур ҳисобида мешавад. Озмуни «Бренди сол-2019» аз 25 сентябр оғоз гардида, 30 ноябри соли 2019 ба итмом расид.

Аризаҳои пешниҳодшуда мутобиқи қоидаҳои зикршуда ба 13 номинатсия ва 47 зерноминатсия ҷудо карда шуда, ба ҳакамони озмун барои баҳогузорӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот пешниҳод карда шуданд.

Мутобиқи баҳодиҳӣ ва қарори ҳакамон дар озмуни ҷумҳуриявии “Бренди сол-2019” ширкатҳо ва бахшҳои соҳибкорӣ бо 1 адад ҷоизаи махсуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), 40 адад ҷоизаи тиллоӣ, 12 адад ҷоизаи нуқрагин, 14 адад ҷоизаи биринҷӣ ва 18 нафар бо дипломи иштирокчии Озмун сарфароз гардонида шуданд.

Ба иттилои манбаъ, Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма» бо ҷоизаи махсуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ сарфароз гардид.

Ҳамчунин, як зумра ширкату корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла ҶДММ «Кока-Кола- нӯшокиҳои Тоҷикистон» зери бренди «КОКА-КОЛА», ҶДММ «Гулшан-2010» зери бренди «Пепсӣ», ҶСК «Фабрикаи қаннодии Ширин» зери бренди «Ширин», ҶДММ «555 МПК» зери бренди «555»; ҶДММ «Амирӣ» зери бренди «Амирӣ», ҶДММ «ЛВЗ Шоҳона» зери бренди «Шоҳона», ҶДММ «Покиза-М» зери бренди «Покиза», ҶДММ «Азизӣ» зери бренди «Азизӣ», ҶСП «Комбинати шири Душанбе» зери бренди «Шири Душанбе», Фабрикаи шири «Саодат» зери бренди «Саодат» ва дигар ширкату ҷамъиятҳо бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *