Сиёсатмадори қазоқ мехоҳад пеш аз муҳалат озод шавад
Владимир Козлов, сиёсатмадори мухолифи Қазоқистон, роҳбари пешини ҳизби сабтиномнашудаи «Алға», ки соли 2012 ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд, барои шартан пеш аз муҳлат раҳо шудан, ариза навиштааст.
Тавре вакили Козлов Айман Умарова ба расонаҳо хабар медиҳад, санаи баррасии ариза ва ё дархости зерҳимояаш ҳанӯз дақиқ нест.
— Дархостро бояд суди шаҳрии Капшағай баррасӣ кунад. Яке аз шартҳои пеш аз муҳлат ба озодӣ баромадан — набудани ҷарима аст. Казлов, ки дар зиндони низомаш сангини шаҳраки Заречнии вилояти Алмаато нигаҳдорӣ мешавад, ҷаримаҳои напардохта надорад, — мегӯяд Умарова.
Ин дувумин дархости Козлов дар бораи озодии пеш аз муҳлат аст. Дархости нахустини вай бо баҳонаи мавҷуд будани ҷарима рад шуда буд.
Владимир Козлов барои барангехтани адовати иҷтимоӣ замони ҳодисаҳои Жанаозен дар соли 2012 ба 7 солу 6 моҳ маҳкум шуда буд. Козлов ва ҷонибдоронаш мегӯянд, ин ҳукм ангезаҳои сиёсӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ