Ба доди омӯзгор кай мерасанд?

“Суд қуръапартоӣ мекунад”-таҳти ҳамин унвон номаи имдоде, ки бо қалами ман дар нашрияи “Тоҷикистон” 28 июли соли ҷорӣ интишор шуд, баъди гузашти қариб 3 моҳ 6 октябри соли ҷорӣ Суди Олӣ дар ҷавоб ба он ба унвонии нашрияи мазкур вокуниш навишт.

Тӯли ин муддат, ки Суди Олӣ номаи маро таҳлил мекард, фикр мекардам, ки масъулини дастандаркор тамоми ҷузъиёти муроҷиати маро омӯхта, ба сарсониву саргардонии як омӯзгоре, ки 10 сол мешавад дар шаҳри Душанбе омӯзгорӣ мекунаду имконияти зистан надорад ва ҳар рӯз аз ноҳияи Шаҳринав ба ҷойи кораш меояд, хотима мебахшад. Мутаассифона, чуноне ки фикр мекардам, нашуд. Муроҷиатам мавриди баррасӣ қарор нагирифту ҳамон нуктаҳои калидие, ки дар ҳукми суди ноҳияи Шаҳринав ҷой дорад, аз ҷумла: “Ҳ.Сатторов бидуни ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда қитъаи заминро ба андозаи 0,1192 га  худсарона ишғол намудааст”.

Суд қуръапартоӣ мекунад

Мақолаи Ҳабибулло Сатторов“Суд қуръапартоӣ мекунад”  (“Тоҷикистон” рӯзи 28 июли соли 2021, таҳти №30 (1437) дар Суди Олӣ дар якҷоягӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Чуноне аз маводи парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, моҳи апрели соли 2020 Сатторов Ҳабибулло бидуни ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда қитъаи заминро ба андозаи 1192,0м2 воқеъ дар деҳаи Чамбул, Ҷамоати деҳоти Чуст, ноҳияи Шаҳринав худсарона ишғол намуда, ғайриқонунӣ дар ин қитъаи замин манзили истиқоматии худсарона сохтаст.

Бинобар ин, бо ҳукми суди ноҳияи Шаҳрниав аз 14 январи соли 2021 Сатторов Ҳабибулло  бо моддаи 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятӣ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 200 (дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 11 600 (ёздаҳ ҳазору шашсад) сомонӣ, ба фоидаи давлат таъин карда шудаст.

Бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 9 марти соли 2021 ҳукми мазкур бетағйир, шикояти кассатсионии Сатторов Ҳабибулло беқаноат мононда шудаст.

Мутобиқи талаботи моддаи 403 ва 404-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллифи мақола Сатторов Ҳабибулло дар сурати ба санадҳои судии дар боло номбаршуда розӣ набудан ба Суди Олӣ шикояти назоратӣ пешниҳод намояд.

Ш. Лутфуллозода, муовини якуми раиси Суди Олии ҶТ

Инчунин: “Бо моддаи 338, қ. 2-и КҶ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 63-и кодекси мазкур ҷазо дар намудаи ҷарима ба андозаи 11600 сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шудааст”-ро навишта, ба ҳуҷҷатҳои қонунии ман, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд, эътибор дода нашудааст. Далелҳои дар мақолаи ман зикршуда баррасӣ нагардидааст. Дар мақола хоҳиш намуда будам, ки ба шикояти назоратии ман ва аризаҳо бо замимаи 55 саҳифа ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаам аз 2 апрел, 22 июн, 7-23 июл, 11,17,24 августи соли 2021 таваҷҷуҳ намоед. Зеро дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаам хато будани ҳукм, таъйинот ва қарорро, ки гӯё ман ягон ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда надорам, баръало исбот намуда будам. Чаро ба хуҷҷатҳои қонуниям назар кардан намехоҳед?

Чаро хулосаҳои ҳукм ва таъйинотро бидуни баррасии фактҳои қонунии ман дар вокунишатон айнан такрор мекунед? 10 сол мешавад, ки дар шаҳри Душанбе омӯзгорӣ мекунам, имконияти дар шаҳри Душанбе зистан надорам, ҳаррӯз аз ноҳияи Шаҳринав ба шаҳри Душанбе меоям. Чунин муносибат ба омӯзгоре, ки дар асоси  қарор қонунӣ 0,12 га замин аз бобову падараш дораду ин заминро 60 сол боз истифода мекунанд, молиёт (налог)-ро пардохт менамояд, чӣ гуна метавонад худсарона бошад? Замини наздиҳавлигии мо дар даврони Шӯравӣ ба гурӯҳи заминҳои маҳалли аҳолинишин мансуб буд ва илова бар ин дар маркази деҳаи қадима ҷойгир мебошад. Оё чи гуна метавонад, ки дар як деҳаи қадима танҳо як замини наздиҳавлигие, ки дар маркази деҳа ҷойгир аст, худсарона бошад?

Маврид ба зикр аст, ки дар пеши чашмам деворҳои хонаамро дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр хароб карданд, нисбатам ҳукм содир намуданд ва заминамро гирифтан мехоҳанд, оё ин раво мебошад? Қарори 3-юме, ки заминро ба ман мансуб медонад, ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2017, таҳти №554 мебошад (асос: мактуби Кумитаи идораи замин ва геодезии ҶТ аз 02.02.2021).

Дар шигифтам, чӣ гуна дар вокуниш Суди Олӣ ҳуҷҷатҳои ман, аз ҷумла қарори колхози «Ленинград»-и н.Ҳисор аз соли 1984, парвандаи танзими замин аз соли 2008, қарори раиси ҷамоати деҳоти Чузӣ аз соли 2008, нусхаи харитаи маҳал аз соли 2008, нақшаи замини наздиҳавлигӣ аз соли 2008, қарори Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017, №554, шиносномаи техникии хона аз соли 2020,  лоиҳаи ангоравии кумитаи меъморӣ аз соли 2020 ва мактуби хулосавии Кумитаи идораи замин ва геодезии ҶТ аз соли 2021 ва маълумотномаи филиали бойгонии марказии давлатӣ дар шаҳри Ҳисорро,  ки дар як парвандаанд, мавриди омӯзиш қарор намедиҳад?

Дар вокуниш омадааст, ки тибқи талаботи моддаи 403 ва 404-и КМҶ ҶТ дар сурати розӣ набудан нисбат ба санадҳои судӣ ба Суди Олӣ шикояти назоратӣ намояд. Аммо дар мактуби дигар судяи Суди Олӣ менависад, ки ҳуҷҷатҳои иловатан пешниҳоднамудаи Сатторов Ҳ., аз қабили қарори раиси Ҷамоати деҳоти Чузӣ аз 28-уми марти соли 2008 таҳти №11 ва замимаи №1 ба он, маълумотномаи филиали бойгонии марказии давлатӣ дар шаҳри Ҳисор аз 1 марти соли 2021, таҳти №01/10-183 дар рафти тафтиши пешакӣ ва судӣ пешниҳод ва мавриди таҳқиқ қарор дода нашудааст ва тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 419-и КМҶ ҶТ ҳуқуқи аз нав сар кардани пешбурд, бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав ба прокурор тааллуқ дорад ва метавонад ба Прокуратура муроҷиат намояд (асос: мактуби Суди Олӣ).

Ҳайронам, намедонам кадом роҳро интихоб кунам?! Кумитаи идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ заминро дар маҳал аз сари нав санҷида, дар 2 мактуби расмӣ хулоса намуд, ки замини наздиҳавлигии шаҳрванд Сатторов Ҳ. ҳамаи ҳуҷҷатҳои дахлдорро дорад (асос: мактуби Кумитаи идораи замин ва геодезии ҶТ аз 19.03.2021) ва ҳамзамон дар мактуби дигарӣ омадааст, ки қитъаи замини наздиҳавлигии Шумо дар тарҳи 893/5-и харитаи заминистифодабарии Ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, ки аз тарафи ИЛТ “Фазо” соли 2017 ба ҳисобгирии давлатӣ гузаронида ва бо қарори Ҳукумат аз 29-уми ноябри соли 2017, таҳти №554 тасдиқ карда шудааст, ҷойгир буда, мансуби заминҳои маҳали аҳолинишин ва тибқи тавзеҳи заминҳои маҳали аҳолинишини деҳаи Чамбул ба Шумо тааллуқ дорад (асос: мактуби Кумитаи идораи замин ва геодезии ҶТ аз 02.02.2021).  

Ҳуҷҷат дорам, агар намедоштам ҳам дар кирдори ман аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 338, қисми 2-и КҶ ҷой надошт, чунки мувофиқи талаботи сархати 3, қ. 2-и қарори Пленуми Суди Олӣ таҳти №3 аз 25 июни соли 2012 худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он дар сурате хотимаёфта ҳисобида мешавад, ки агар шахс қитъаи заминро ғайриқонунӣ ишғол намуда, ба оғози корҳои зерин, аз ҷумла деворгирии (таворакашӣ) қитъаи замин, истифодабарии он, ҷуфт, сохтмон кардан ва ғайраҳо шурўъ намуда бошад.

Аз ин лиҳоз, тибқи муқаррароти қисми 3-и моддаи 13-и КҶ ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ин кирдор танҳо дар он ҳолат ба миён меояд, ки ҳам худсарона ишғолкунии қитъаи замин ва ҳам сохтмони худсарона дар он, баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 таҳти №694 содир шуда бошад.

Замини ман, ки қарор аз соли 1984, қарор аз соли 2008 ва карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз соли 2017 дорад, чӣ гуна худсарона мебошад? Заминро мо баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани Қонуни ҷумҳурӣ аз 25 марти соли 2011 нагирифтаем, 60 сол мешавад, ки дар истифодаи оилаи мост (асос: ҳуҷҷатҳо ва нишондоди шоҳидон, ки дар ҳукми суди ноҳияи Шаҳринав дарҷ шудааст). Бо ин назардошт, бо эҳтиром хоҳиш мекунам, ки вокунишҳои хушку такрориро раҳо мекардед ва аз дидгоҳи қонун ба ҳуҷҷатҳои як омӯзгор назар меафкандед!

Бо назардошти он ки бегуноҳиям собит шуд, дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамуда, тибқи талаботи қисми 5-и моддаи 419-и КМҶ ҶТ, ки: аз нав дида баромадани ҳукм, таъйинот ё қарори суд бинобар ҳолатҳои нав ошкоргардидаи сархати чоруми қисми 1-и моддаи 421-и Кодекси мазкур, ки бо пешниҳоди раиси Суди Олӣ барои баррасӣ дар раёсати Суди Олӣ амалӣ карда мешавад, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ҳукми ғайриқонунии суди ноҳияи Шаҳринав аз 14 январи соли 2021, таъйиноти судӣ аз 9 марти соли 2021, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бекор карда шуда, пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбати ман бинобар дар кирдорам ҷой надоштани аломати ҷиноят қатъ карда шавад.

Ҳабибулло САТТОРОВ, омӯзгор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *