Зӯроварӣ дар оила ба ҳабс оварда расонд

Кормандони мақомоти милитсияи Душанбе  ду нафар мардеро боздошт намуданд, ки нисбати ҳамсарошан амалҳои ноҷавонмардораро раво дидаанд.

Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиш ва баррасии муроҷиати як нафар зан аз ҷониби нозирони пешгирии зуроварӣ дар оилаи мақомоти милитсияи пойтахт дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур чунин як ҳолати хушунати оилавӣ ошкор карда шуд. Муайян гардидааст, ки шаҳрванд Муқумов Ҳасан Собирҷонович, соли  таваллудаш 19.07.1979, истиқоматкунандаи шаҳри  Душанбе, кӯчаи Восеъ-111, нисбати собиқ ҳамсари худ амалу рафтори хушунатоварро истифода мебурдааст.

“ Номбурда 15-уми ноябри соли ҷорӣ нисбати собиқ ҳамсари худ амалу рафтори хушунатоварро истифода карда, боиси озори ҷисмониву равонии ҷабрдида гардидааст.  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Муқумов Ҳасан тибқи талаботи моддаи 93 иловаи 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ намуд”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе.

Инчунин, дар натиҷаи санҷиши муроҷиати як нафар зани дигар аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Ҷайлобов Амоналӣ Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1.08.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Каримов дастгир карда шуд. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда  16-уми ноябри соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари худ муноқиша намуда, нисбати ӯ зуровариро истифода кардааст.

“Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҷайлобов Амоналӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар асоси қарори Суд ба ӯ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд”- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *