Смартфонҳои беҳтарин бо интернети босуръат

 “Суст кор мекунад” ё “гум мешавад” —  бо ин тарз метавон ба таври мухтасар фикру мулоҳизаҳои гуногунро дар бораи сифати пайвастагиҳои интернет дар телефонҳои гуногун баён кард. Агар интернет ба таври дилхоҳ кор накунад, пас сабаб дар чист: дар танзимоти шабака, намуд ва барномаи дохилии смартфон?

Мушкилӣ дар чист?

Ҳангоми арзёбии сифати пайвастагиҳои интернет мутахассисони алоқа параметрҳои зиёдеро истифода мебаранд. Суръати қабул ва таҳвили маълумот, устувории пайвастшавӣ аз муҳимтаринҳо ба ҳисоб мераванд. Инчунин, вақти таъхири сигнал, ба истилоҳ пинг низ муҳим аст: он ҳар чӣ қадар хурдтар бошад, суръат ҳамон қадар баландтар аст, ки барои зангҳои видеоӣ ё бозиҳои онлайн муҳим мебошад.

Ба сифати интернет мавҷи сигнал ва намуди шабакаи мобилӣ, ки дар он смартфон кор мекунад, таъсир мерасонад. Масалан, дар 3G суръати дастрасӣ метавонад нисбат ба 4G/LTE даҳ маротиба сусттар бошад. Аммо, аксар вақт чунин рӯй медиҳад: дастгоҳ 4G-ро нишон медиҳад, дар кунҷи рости болоии дисплей “хатҳои мавҷ” бисёранд — яъне сигнал устувор ва мукаммал аст, алоқа бо пойгоҳи наздиктарини базавӣ хеле хуб аст, аммо Интернет ҳанӯз ҳам суст кор мекунад. Сабаб дар чӣ бошад?

Аён аст, ки дар худи смартфон – иқтидори протсессор, ҳаҷми хотираи оперативӣ, намуди антеннаи васлшуда, барномаи дохилии телефон. Агар соҳиби гаҷет муддати тӯлонӣ ТБ-ро навсозӣ накарда бошад ва кэшро тоза накардааст, ин метавонад аллакай боиси сустшавӣ гардад.

Сабаби дуюм шумораи замимаҳои мобилии дар телефон фаъолкардашуда мебошад. Агар онҳо миқдори зиёди трафикро сарф кунанд, эҳтимол аст, ки смартфон аз уҳдаи ҳамааш набарояд. Аниқтараш, онҳо кор мекунанд, аммо на он қадар зуд. Бояд ба назар гирифт, ки замимаҳо аксар вақт ба таври нонамоён кор мекунанд, ҳатто агар муштарӣ айни замон онҳоро истифода набарад. Ин ҳам ба сифати интернет таъсир мерасонад. Инчунин, ба смартфон метавонанд барномаҳои зараровар ворид шуда, маълумотро бубаранд ва кори тамоми дастгоҳро суст намоянд…

Роҳи ҳал чӣ бошад?

Роҳҳои ҳалл аз худи мушкилот вобаста мебошанд. Маълум аст, ки кэш бояд мунтазам тоза карда шавад, таъминоти барномавӣ навсозӣ гардад, барномаи зиддивирусӣ истифода шавад ва замимаҳои нонамоёни нолозим хомӯш карда шаванд. Инчунин, нерӯи сматрфон сари вақт пур карда шавад – бинобар сабаби сатҳи пасти нерӯ он метавонад суст кор кунад.

Аммо шояд смартфони куҳна аз уҳдаи вазифаҳои худ баромада наметавонад. Пас танҳо ягона роҳи ҳал вуҷуд дорад: намуди муосиртарро интихоб кардан лозим аст.

Ин усули муҳим аст, аммо аксар вақт бо чунин тарз метавон дастгоҳи дорои интернети баландсуръатро ба даст овард. Бояд қайд кард, ки дар бозор ҳанӯз намуди смартфонҳое фурӯхта мешаванд, ки дар онҳо шабакаи 4G фаъол набуда, дар бораи наслҳои минбаъдаи алоқа алъон сухан гуфтан барвақт аст. Мутаносибан, онҳо то суръатҳои лозимӣ баромада наметавонанд.

Илова бар ин, бо тафовути ҳамагӣ чанд сол, истеҳсолкунандагон смартфонҳоеро мебароранд, ки аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар намудҳои нав ҳам протсессорҳо бақувваттаранд, ҳам хотира васеътар ва ТБ мукммалтар аст. Дар маҷмӯъ, ҳатто агар “хатҳои мавҷ” кам бошанд ҳам, чунин ҳолатҳои техникӣ барои интернети босуръат мусоидат менамоянд.

Инчунин мафҳуме ба монанди агрегатсияи басомадҳо вуҷуд дорад (Carrier aggregation, CA) — технологияе, ки имкон медиҳад якчанд басомад дар як канали таҳвили маълумот муттаҳид шаванд. Ҷузъиёти техникиро шарҳ додан зарур намешуморем, аммо барои муштарӣ натиҷаи асосии «зичшавӣ” афзоиши суръати боргирӣ ва таҳвили маълумот маҳсуб меёбад. Хуллас, намуди смартфонро интихоб кунед — бубинед, ки оё технологияи CA дар он дастрас аст. 

Чиро бояд интихоб кард?

Кадом смартфонҳои дар Тоҷикистон фурӯхташаванда ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, суръати баланди интернетро кафолат медиҳанд? Дар ҷадвал панҷ намунаро дар категорияҳои гуногуни нархҳо ҷамъоварӣ намудем. Ба хусусиятҳои техникӣ ва андешаҳои истифодабарандагон таваҷҷуҳ кардем (албатта, дар мағозаҳо пешниҳодҳо бештаранд).

Чӣ тавр смартфони худро санҷидан мумкин аст?

Агар ба назар чунин менамояд, ки дастгоҳ куҳна шудааст ва вақти харидани дастгоҳи нав фаро расидааст, тавсия медиҳем, ки дастгоҳро бо ёрии барномаҳои махсус бисанҷед. Дар ин ҷо баъзе мисолҳо аз дастрасии озод оварда шудаанд.

Санҷишҳои суръат:

Speedtest.net

Ookla Speedtest

Fast.com (суръати боргирии видеоро нишон медиҳад)

Meteor (App Store)

Meteor (Google Play)

Санҷишҳои пинг:

Ping.pe

Ping Plotter (Windows)

Санҷишҳои қобилияти гузариш:

Bandwidthplace.com

Ookla Speedtest

Смартфон показал невысокие результаты? Время покупать новый! Оё смартфон натиҷаҳои паст нишон дод? Вақти хариди смартфони нав фаро расид!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *