СММ аз талафоти зиёд дар Афғонистон хабар дод

Дар Афғонистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ бештар аз 1300 сокини осоишта кушта ва бештар 2466 тани дигар маҷруҳ шудааст. Дар ин бора Маъмурияти СММ дар умури Афғонистон рӯзи 30 июл хабар дод.

Омор дар бораи марги сокинони осоишта дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти Амрико ахиран гуфтанд, талош мекунанд, ба ҷанги 18-сола дар Афғонистон хотима диҳанд. Вашингтон талош дорад, 1 сентябр, дар остонаи интихоботи президентӣ дар Афғонистон, бо ҳаракати «Толибон» ба созиш расад. Интихоботи президентии Афғонистон охири моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд.

Ҷанг ҳанӯз идома дорад ва толибон даъвои нисфи хоки Афғонистонро доранд. Амрико дар соли 2001 ба Афғонистон ҳамла ва толибонро аз мудирияти он кишвар маҳрум кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *