СММ ба Тоҷикистон барои риояти ҳуқуқи инсон тавсияҳо дод
Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо изҳори нигаронӣ аз вазъи рӯ ба таназзули ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҳукумат хостааст, барои ислоҳи вазъ чораҳои таъхирнопазир биандешад.
Кумита баъди натиҷагирӣ аз гузориши Тоҷикистон доир ба риояти ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ дар рӯзҳои 2-ум ва 3-уми июл хулосаҳои худро дар 12 саҳифа нашр кард, ки он сар аз масъалаи паст задани шаъну эътибори раиси ҷумҳур то ба намозгузории наврасон ва ҳуқуқи занону ақаллиятҳои ҷинсиро дар бар гирифтааст.
Кумита аввал аз фасоду ришвахорӣ дар Тоҷикистон шурӯъ карда ва гуфтааст, бо вуҷуди тадбирҳои андешидаи ҳукумат барои решакан кардани он, зуҳуроти хатарноки мазкур дар кишвар васеъ паҳн шудааст. Кумита гуфтааст, аз гузоришҳо дар бораи он ки ришвахорӣ дар байни мақомоти расмӣ роиҷ аст, амиқан нигарон аст. Ба қавли ин ниҳод, мафҳуми “коррупсия” дар қонунҳои Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ тафсир нашудааст ва гузашта аз ин Оҷонсии мубориза бо коррупсия, ки ниҳоди аслии муборизакунанда бо фасод аст, аз ҳукумати иҷроия ҷудо ва мустақил нест.
Дар Шохис (индекс)-и пазириши фасод, ки ҳамасола созмони Transparency International таҳия мекунад, Тоҷикистон соли 2019 дар миёни 180 кишвар дар мақоми 152-юм ҷой гирифтааст ва бо Никарагуа, Мадагаскар, Камерун якҷо аст.
Масъалаи дигаре, ки мояи изтиробу нигаронии Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал шудааст, истифодаи шиканҷа барои ҳосил кардани эътирофи иттиҳомот аст ва ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон фаровон истифода мешавад. Дар хулосаҳои кумита омадааст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон бо мухолифони давлат, ҳомиёни ҳуқуқ, дигарандешон ва аз ҷумла аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ бадрафторӣ кардаанд, то онҳо иттиҳомотро ба гардан бигиранд.
Дар ин гузориш номи Маҳмадалӣ Ҳаит, Раҳматуллои Раҷаб, аъзои раёсати Ҳизби наҳзат ва Зайид Саидов, вазири собиқи саноат ва тоҷири шинохта зикр шудааст, ки онҳоро дар ҷиноятҳои сангине гунаҳкор дониста ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардаанд. Кумита аз давлати Тоҷикистон хостааст, тамоми иддаову гузоришҳо дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷаро мӯшикофона таҳқиқ кунад ва гунаҳкоронро ҷазо дода, ба осебдидагон ва ё хешовандонашон ҷуброн бипардозад.
Кумитаи ҳуқуқи инсон гуфтааст, аз он нигарон аст, ки дар Тоҷикистон фаъолияти аҳзоби сиёсии динӣ ва қавмиро манъ кардаанд, ки мухолиф ба Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи сиёсӣ ва маданӣ аст. Тоҷикистон соли 2016 ва як сол баъд аз мамнӯъ кардани Ҳизби наҳзати исломӣ бо ислоҳи қонун фаъолияти аҳзоби сиёсии диниро манъ кард. Ҳизбро барои он бастанд, ки ба гуфтаи додситонӣ дар ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ дар соли 2015 даст дошт. Раёсати ҳизб ин иддаоро беасос номида рад кардааст. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфтааст, ки аз таъқибу таҳдид ба дигарандешон ва мухолифони сиёсӣ нигарон аст ва мехоҳад, ки ба ин таҷриба хотима дода шавад.
Дар нишасти кумита дар шаҳри Женева дар аввали моҳи июл аъзои кумита аз мақомоти Тоҷикистон дар бораи ошӯбҳои маргбор дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат пурсиданд. Кумита гуфтааст, ки аз он нигарон аст, ки маълумоти кофӣ дар бораи ҳаргуна таҳқиқу тафтиши сабабҳои ошӯб ва марги 50 нафар вуҷуд надорад. Дар ошӯб дар зиндони Хуҷанд дар моҳи ноябри соли 2018 ба гуфтаи мақомот 21 нафар ва дар ошӯби зиндони Ваҳдат 29 нафар кушта шуданд.
Банди дигари хулосаҳои Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дар бораи озодии баён аст, ки ба гуфтаи аъзои кумита ҳоло мушкилоти зиёд дорад ва бояд ҳал карда шавад. Аъзои кумита гуфтаанд, ки аз таҳдид ба хабарнигорон ва монеъ шудан ба фаъолияти онҳо нигаронанд ва хостаанд, дигарандешӣ дар матбуот ривоҷ дода шавад. Тавсияи дигар ба ҳукумати Тоҷикистон ин аст, банди қонунеро, ки барои бӯҳтон ва паст задани шаъну эътибори раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти расмӣ ҷазо пешбинӣ кардааст, ислоҳ кунад.
Кумита ҳамчунин гуфтааст, ки дар Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқу озодиҳои динӣ мушкилот вуҷуд дорад ва қонуни танзим ва нақши волидайн дар тарбияи фарзандро мисол овардааст, ки бар асоси он наврасони то 18-сола ҳаққи рафтан ба масҷидро надоранд.
Масъалаи дигар, ҳимоят аз ҳуқуқи онҳоест, ки ҳуқуқи мардумро дар додгоҳҳо ҳимоят мекунанд ва он ҳам ҳуқуқ ва нақши вакилони дифоъ дар Тоҷикистон. Кумитаи Ҳуқуқи Инсон сарнавишти Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов, Нуриддин Маҳкамов ва чанд вакили дигари дифоъро ёдоварӣ кардааст, ки дар парвандаҳои пурсарусадо аз муттаҳамон ба ҷиноят дифоъ мекарданд, вале дар ниҳоят худашон зиндонӣ шуданд.
Кумитаи ҳуқуқи башар ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарӣ,зӯроварӣ ба зан, бадрафторӣ бо ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон хотима диҳад. Давлати Тоҷикистон як сол фурсат дорад, ки ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гузориш кадоме аз ин тавсияҳоро ба инобат гирифта ва иҷро кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ