СММ ба Тоҷикистон кӯмак мекунад

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ ба Тоҷикистонро, баррасӣ карданд. Антонио Гутерриш рӯзи 12-уми июн пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар «Қасри Миллат» гуфт, ки барои амалӣ намудани тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, омодаанд ба Тоҷикистон кӯмак намоянд.

Антонио Гутерриш, ки пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, дар ин замина гуфт, ки «Тоҷикистон гузоришро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар, ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ирсол кард. Ва дар навбати худ ин шӯро ба Тоҷикистон дар заминаи беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар, тавсияҳои худро ироа намуд. Мо имрӯз ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки омода ҳастем барои амалӣ шудани тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, кӯмаки худро пешниҳод кунем.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *