СММ қолинбофӣ ва гулдӯзиро рушд медиҳад!

Лоиҳаи «Таҷдиди саноат ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии саноати қолинбофӣ ва гулдӯзӣ/нассоҷӣ дар Тоҷикистон» барои амалисозии Стратегияи милии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030-юм мусоидат мекунад.

Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат марҳилаи дувуми Лоиҳаи «Таҷдиди саноат ва баланд бардоштани рақобатнокии саноати қолинбофӣ ва гулдӯзӣ/нассоҷӣ дар Тоҷикистон» роҳандозӣ мекунад.

Лоиҳа дар марҳилаи аввалиаш, ки дар солҳои 2015-2017-ум роҳандозӣ мешуд, вазифаҳои баланд бардоштани истеҳсолот ва рақобатпазирии корхонаҳои Тоҷикистон дар бахши қолинбофӣ ва гулдузӣ ба воситаи бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалиро пеш гузошта буд. Барои устувории муҳлати дарози соҳа абзорҳои навоварӣ ва маркетингиро ба он ворид карда, иқтидори коршиносонро афзоиш доданд ва тоҷиронро дастгирӣ карданд.

Дар зарфи ду сол бренди миллии «LA’AL» таҳия шуд, ки он корхонаҳои тоҷикӣ, маҳсулоти қолинбофӣ ва нассоҷию адрасро даври худ ҷамъ овард. Маҳсулоти бренди мазкур дар 16 намоишгоҳи ватаниву байналмилалӣ ба намоиш гузошта шуда, барои таҳвили маҳсулоти ватанӣ шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расид ва дар баробар ин ҷойи кори нав эҷод шуд. Барои 535 нафар иштирокдори давраҳои омӯзишӣ, аз ҷумла ба занони хонаводаҳои камдаромад ва гурезаҳои Афғонистон, намояндагони минтақаҳои гуногуни кишвар ҳамаи давраҳои истеҳсолотро омӯзонданд. Қобили зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон нахустин бор буд, ки барои истеҳсоли маҳсулоти дастӣ миёни корхонаҳои баҳрабардор ва меҳмонхонаҳои байналмилалӣ, занҷираҳои хариду фурӯш ва тарабхонаҳову супермаркетҳо шартномаи тиҷоратӣ баста шуд.

Лоиҳаи «Таҷдиди саноат ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии саноати қолинбофӣ ва гулдӯзӣ/нассоҷӣ дар Тоҷикистон» барои амалисозии Стратегияи милии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030-юм мусоидат мекунад. Ҳамоҳангсози ниҳоди давлатӣ ‒ Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оҷонсии иҷрокунанда – ЮНИДО мебошад. Муҳлати роҳандозии лоиҳа 36 моҳ, аз соли 2019 то 2021-ум мебошад. Арзиши он 1,2 млн доллари ИМА мебошад.

Бо пешниҳоди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки молии ҳукумати Федератсияи Русия лоиҳаи мазкур дубора фаъол шуд. Дар марҳилаи дувум ЮНИДО дар ҳамкорӣ бо шариконаш дар самти рушди ҳамаҷониба ва устувори маҳсулот ва ҳамгироии минтақавии иқтисоди Тоҷикистон ҳамкории муштаракро идома медиҳад. Мутобиқи дастурамал бахшҳои зикршуда бояд иқтидори истеҳсолии худро баланд бардошта, мавқеъи байналмилалии Тоҷикистонро дар самти сиёсати нарх дар саноати тавлидӣ, ки тавлидоти саноатро ба низом медарорад ва содироти маҳсулоти омода ва рақобатпазирро дар бозори ҷаҳон устувор кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *