СММ: Тирамоҳ шумораи аҳолии ҷаҳон ба 8 млрд мерасад

Тибқи маълумоти таҳлилгарони Созмони Милали Муттаҳид, то 15-уми ноябри соли равон шумори аҳолии сайёраи Замин ба 8 млрд нафар мерасад.

Натиҷаҳои гузориши World Population Prospects 2022 ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии нуфуси аҳолӣ дар сомонаи расмии Созмон нашр шудаанд.

Дар гузориш масалан пешгӯӣ шудааст, ки соли минбаъдаи 2023-юм Ҳиндустон аз лиҳози шумораи аҳолӣ аз Чин пеш гузашта, сераҳолитарин кишвар дар саросари дунё хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти СММ, айни замон шумораи аҳолии сайёра бо суръати аз ҳама сусттар аз соли 1950 зиёд мешавад: соли 2030 он ба 8,5 млрд нафар ва соли 2050 то ба 9,7 млрд нафар мерасад.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки афзоиши шумораи аҳолии ҷаҳон солҳои 2080-ум ба авҷи худ — то 10,4 млрд нафар расида, то соли 2100 дар ҳамин сатҳ боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *